Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Мегуфтам, ки шукри зиндагӣ. Шукри ҳар ҳарфу нафасе, ки бо ҳам гуфтаю гузарондем, шукри фарзандҳомон. Якешро гирифт, умри вайро ба ту диҳад.

Ҳарду муддате хомӯш монданд. Ҷовидро эҳсосу дилсӯзии модар раҳо на- мекунад.

Модар, нигоҳаш ба самте, суханро ба дигар сӯ бурд:

– Хоҳарама надидам. Мехостам як назар ҳамсояҳоро бинам. Бо онҳо нону намакхӯр будем.

Ба дили Ҷовид омад, ки баъд аз қатли Баҳодур чеҳраи модар аввалин ма- ротиба кушода шуд. Пештар аксар вақт андӯҳгин ё ошуфта менамуд. Ҳоло ба назар бепарво ва ором аст. Пагоҳӣ ҳалвои нагзмедираи Ҷовидро пухта овард. Камзӯлу рӯймоли маъракавиашро пӯшидааст... Тарафи пешин холаи Зулайҳо Ҷовидро аз кӯча даъват карда фармуд, ки зуд амаки Умарбекро пеш-пеш карда биёрад. Ҳангоме ки онҳо аз дар медаромаданд, модар дар сари сакарот буд. Ҷовид назди модар рафт. Вале истодан натавонист. Як назар чашмони калон кушодаашро диду дилаш ҳарос кард ва зуд берун баромад. Баъдҳо Ҷовид ин лаҳзаро ба ёд оварда дарёфт, ки он ҷо ҳузур доштани маргро ҳис карда тарсида буд.

Аз байн вақти бисёре нагузашта амаки Умарбек баромад ва дасташро ба сари Ҷовид ниҳода бо овози ларзон гуфт:

– Насиби умри модарат ҳамин қадар будааст, писарам...

Он кас сар шудаю мурдаро ҷаноза карданд. Ҷовид аз паси тобут мерафту суханони шаш моҳ пеш гуфтаи модар ба ёдаш меомад: «Пеш-пеши тобути бародар гиря мекардагӣ худат». Он вақт гиряаш наомада буд. Вале ҳоло аз паси тобути модар бо сӯзу алам гиря мекунад. Аз дари гӯристон медарояду вуҷудашро ҳам изтироб, ҳам ҳисси кунҷковӣ фаро мегирад. «Шояд падараш ин ҷо бошад!» Ба атрофи гӯристон назар андохт: не, касе наменамояд. «Баъдтар меоянд, намешавад, ки мурдаи модарамро набинанд». Ҳангоме ки назараш ба қабри Баҳодур афтод, ба овози баланд гиря кард. Аз он бародари меҳрубону шӯху часур як тепаяки сарди назарногир мондааст. Дар атрофи қабр сангҳои сафед чидаанд. Ин кори модараш. Чанд субҳдам ин ҷо омада буд. Боз амаки Умарбек ба қабр фуромада, сангу кулӯхҳои афтидаро чиданд. «Саросема нашавед!» — гуфта таги сарро ҳамвор карданд. Ба назар мерасад, ки қасдан кашамола доранд. Аз афташ, он кас ҳам, шояд Мансур меояд, гуфта умедворанд. Аммо сари қабр ҷойи интизорӣ нест. Аз пас «зуд дасту по кунед!» гуфта мурдаро доданд. Ҷовид беқарор шудаю боз ба атроф зеҳн монд: не, касе нест. Фақат сангҳои хурду бузурги лаҳад ва бедҳои куҳнасолро мебинӣ, ки навдаҳои имсолаашон хуб ҳам ҷавона задаанд. Ҷовид аз падар хафа мешавад ва дар дил ӯро таъна мекунад: «Ба шумо дигар тап намезанам!». Агар модарам медонистанд, ки шумо тарсончакед, нигоҳатон намекарданд. Ҳамсаратон намешуданд, фаҳмидед? Фаҳмидед?!» Ӯ назди қабр рафт, ки амаки Каромат ӯро намонда аз дасташ гирифт ва надамаш шинонд. Аз сари қабр, ки омаданд, холаи Зулайҳо Ҷовидро хонаашон бурданд. Меҳрубон ӯро дида гиря кард. Ин дафъа барои марги Баҳодур не, барои сагера мондани Ҷовид мегирист. Ва минбаъд ба Ҷовид меҳрубонтар шуд. Агар Ҷовид ба коре ба хонаашон мерафт, ӯро танҳо намегузошт. Ва ҳар гоҳ ки Ҷовид рӯйи

пешина
аз 613
навбатӣ