Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳавлӣ чарх мезад, ба назараш менамуд, ки ҳоло модараш аз хона мебарояд ё аз лаби ҷӯӣ кӯзаи об дар даст намоён мешавад.

Ҳамон шабурӯзҳо дар деҳа мактаби маҳви бесаводӣ кушоданду ҳама хурду бузургро маҷбурӣ мактабхон карданд. Муаллим – ҷавони қадаш аз миёна пасттар, танаш гӯштдор ва сафедрӯ аз Самарқанд омадааст: ному насабаш Фаррух Асрорӣ. Аҳли хонаи Мирзоумед низ ба мактаб рафтанд. Ба ғайр аз холаи Гулмоҳ дигар ба ҳама мактаб маъқул шуд. Холаи Гулмоҳ дар муддати як сол ду ҳарфа ҷанг андохта хондан натавонистанд. Лекин ташаббусу миёнравӣ карда Меҳрубонро ба Асрорӣ улфат карданд. Баъди ҳашт моҳи мактабравӣ Асрорӣ тӯй карда Меҳрубонро ба занӣ гирифт. Баъди он Ҷовид ба Меҳрубон ошной намедод. Асрориро ҳам бад дид. Бо саломаш ҷавоб намегардонд. Боре Меҳрубон ӯро ба зӯрӣ кашола карда хонааш дароварда, ба ҷайбаш қанду конфет андохта гуфт:

– Ҷовид, ту ягона бародарам ҳастӣ. Ту нишоне аз ишқи аввалинам... – Чашмонаш пуроб шуданд ва ба ҳасрат афзуд: – Магар ман гунаҳгорам?.. Ҳоло калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ.

Мисли санги бузурге, ки аз кӯҳ ғелида, ба кӯли об зада, онро ба ҳар тараф пош медиҳад, ҳамчунон инқилоб мардумро аз диёрашон берун кардаю ба ҳар сӯ парешон намуд.

Баҳори соли 1920, чун соли гузашта, бисёр заминҳо нокорида монданд. Мардум, ки аз гирудору банду зиндон тарсидаю монда шуда буданд ва ба оянда дилбастагӣ надоштанд, тухмӣ ҳам намонданд. Овоза шуд, ки аз Русия тухмӣ меоранд. Вале вақти кишт гузашту аз тухмӣ дарак нашуд. Асрорӣ, ки маоши хуб мегирифт, ба оилаи Мирзоумед ёрӣ мекард. Дар деҳа Умарбеку Каромату боз ҳашт-нӯҳ нафар миёнҳолон кам-кам кишт карданду халос. Ба Умарбек писарашон Шодибек аз Тошканд як халта тухмӣ роҳӣ кард. Ҷовид ба корҳои Умарбек ёрӣ кардаю гоҳе дар хонаашон хоб мерафт. Яқин ҳамон шабу рӯзҳо артиши сурх ба гуруснагӣ дучор шуда буд, ки баргузории разверсткаро ба роҳ монданд. Дар як рӯзи аввали тобистон, ки аз пагоҳӣ ҳаво дам буд, маъмурони комиссия ба хонаи амаки Мирзоумед, чун шаголон ба оғили гӯсфандон, ҳуҷум карданд. Бе салому калом як зардчашми калта ҷониби холаи Гулмоҳ пӯписа кард:

– Овоза ҳаст, ки шавҳарат шабона меомадааст. Ин дафъа, ки омад, зуд хабар деҳ, фаҳмо?

Хонаро тагурӯ карда, гандуму равганеро, ки буд, ба ҳой-ҳои занҳо нигоҳ накарда, ба аробаашон бор карданд. Зардчашм ду чакмани моҳутро аз дасти холаи Гулмоҳ ба силтав кашида, болои ароба ҳаво дода, ба ҳамроҳонаш фармон дод:

– Ҷома ёфтед, гиред! – Ва ҷониби хола пӯписа кард: – Ин чакманҳо барои аскарони сурх даркор, ки пӯшида шавҳари гумгаштаатро ёфта, тирборон кунанд, фаҳмо? Агар боз қурбоққа барин вак-вак кунӣ, худат ба ҷои шавҳарат ба зиндон меравӣ, фаҳмо?

пешина
аз 613
навбатӣ