Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов дар донишкадаи шаҳри Ивановский мехонд. Боре ба таътил омаду дар суҳбати ҳамдарсон нафаре хабар дод, ки Михаили писари Василий табибро (Василий баъди ба нафақа баромадан ба гиёҳдармонӣ машғул будааст), ки дар донишкадаи политехникии Петербург мехондааст, ба сабаби ба инқилобчиёни шӯришгар ҳамроҳ буданаш ба маҳкама кашидаанд. Модараш гиря карда гуфтааст, ки ин молдавани падармонанд (Фрунзе аз тарафи падар молдавӣ аст) медали бародарашро фурӯхта, ваъда карда буд, ки ба артиш даромада ҳатман чунин медаЛ гирифта, оварда ба ҷояш мегузорад. Ҷувонимарг ҳам пули медаЛРО хӯрду ҳам ба маҳкама афтид. Пас муддате гузашту овоза омад, ки Михаил дар маҳкамаи Иркутский бо полис даст ба гиреҳон шуда, ҳукми қатл гирифтааст.
Баъдтар гуфтанд, ки ӯро авф карда, ба маҳкамаи Сентрали Николаев фиристодаанд. Боз овоза шуд, ки Михаил ҳангоми фирор ба даст афтодааст ва ӯро ба маҳкамаи Манзурка, ки атрофаш кӯлу ботлоқҳои касногузар доштааст, бурдаанд.
Чор-панҷ сол гузашту аз ӯ хабаре набуд. Чернов дар ин муддат донишкадаро ҳатм карда, ба фабрикаи шаҳри Ивановский ба кор даромад. Аввал муҳандиси одӣ, пас сардори яке аз сеҳҳои калон шуд. Дар замони ҷанги ҷаҳонӣ фабрика нағз кор мекард. Аммо дар ин давраи гирудори инқилоб ҳама дарҳам-барҳам шуда рафт. Корхонаҳо аз кор монда, вайрону валангор шуданд. Ҳусумати дорою фақир, падару писар, ҳамсоя ба ҳамсоя чун оташ ҳамаро фаро гирифт. Дар вайронаҳои Русия ҳукумати Шӯро ба вуҷуд омаду охири соли 1917 ноҳияҳои атрофро ба шаҳр пайваста, губернияи Иваново-Вознесенский таъсис дод. Боре Александр Черновро ба маҷлиси Губком даъват карданд ва ӯ дар раёсати маҷлис Фрунзеро дида, фаҳмид, ки Фрунзеи ҳамшаҳриашро сардори губерния таъйин кардаанд. Пештар дар кадом шаҳре сардори милиса будааст. Гӯё гурӯҳе шуда жандармҳоро аз бинои кориашон берун карда, ҷояшонро гирифтаанд. Фрунзе дар ҷамъомади серодами губерния дилпурона ва бо қатъият сухан мекард. Ва ҳамон вақт Александр мушоҳида кард, ки зиндонҳои Сибир Михаилро дар ҳақиқат инқилобчии ленинӣ кардаанд. Ӯ дар ҷамъомад аз бадбахтиҳои ба сари халқ овардаи ҷанги гражданӣ, замони яккаподшоҳӣ ва ба охир расидани давру давронаш сухан кард, сафедҳоро хуб наҳ зад у сурхҳоро таъриф кард. Аз ҳар тараф хестаю суханашро буриданд: «Заводу фабрика аз они коргар гуфтеду ҳамаро вайрону фатарот ва бесоҳиб кардед! Шумо нағз бошед, фабрикаҳоро ба кор даред! Ду сол шуд, ки мо гурусна, кор нест, маош нест!» Фрунзе миҷа ҳам нахӯрд. Оромона ва бо ҳамон оҳанги қатъӣ бадоҳатан гуфт: «Шумо медонед, ки пахта дар ҷангалҳои атрофи Москва нест, ки ба вагонҳо бор карда бароятон биёрем. Дар сиёҳзаминҳои Русия ҳам намерӯяд. Пахтаи бо шартнома гирифтаи мо дар анборҳои Тошканду Фарғона пӯсида хоб рафтааст. Пахтаи аморати Бухоро ҳам хоб рафтааст. Азбаски армияи Колчак роҳро соҳибӣ кардааст, онро оварда наметавонем. Агар ҳиммат доред, ҳама хезед, ман пеш медароям, меравему фронтро зада пахтаро бор карда, меорем, фабрикаҳоро ба кор медарорему фарзандҳоямонро аз гуруснагӣ мераҳонем. Дар он шаҳрҳои офтобӣ ба ғайр аз пахта гандум ҳам ҳасту ҳазорон намуд мева ва ҳар чизе хоҳед...»
Фрунзе бо оҳанги таъна бо як густохии далертарошона сухан мекард. Гурусна ба шер мезанад, тамоми толор хест, ки ба ҷанги Колчак меравем. Фрунзе ҳам

пешина
аз 613
навбатӣ