Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дигар фурсати истиҳола кардан наёфта, гуфт, ки касе силоҳ дорад, ҳамроҳ гирад, надоштаро таъмин мекунад.

Ҳаваси ба шаҳрҳои гарму гандумдошта рафтан тамоми ҷавонони губернияро беқарор кард: худашон омада ба гурӯҳҳою полкҳо номнавис мешуданд. Калонсолон меомаданд. Чунки дигар роҳи зиндагӣ намонда буд.

Ду полк сарбоз ҷамъ шуд. Воқеаи рухдода ба Маскав мисли марҳам даво шуд. Чунки Колчак бо армияи садҳазора Уфаро гирифта, ҷониби Маскав ҳаракат дошт. Ба полкҳои навтаъсис сару либоси гарм ва силоҳ доданд. Дарҳол қатораҳо ташкил кардаю полкҳоро ба Самара, ки штаби фронти шарқӣ он ҷо мустақар буд, оварданд. Фрунзе сардори армияи 4-ум таъйин шуда омад. Баъдтар сардори ҷабҳа таъйин шуд.

Баҳори соли 1919 барои Александр Чернов, ки ӯ ҳам худро номнавис карда буд, ҳаёти сахти сарбозӣ, ҳаёти пайваста ба хун ва куштору ваҳшониятҳо ва нодиданию ногуфтанию ношуниданиҳо шурӯъ шуд.

Чернов банди андешаҳо аз он ки Фрунзе ба вай муроҷиат мекунад, бехабар монд.

– Шумо дар полки Попов будед? – дубора пурсид Фрунзе.

– Дар ротаи Погорелов, – Чернов аз ҷояш хест.

– Погорелови ҷанҷолӣ, ки мехост мудом ротааш дар сафи пеш бошад? – Фрунзе хандид ва ҷониби лейтенанти холдор, ки ҳанӯз харитаро ба девор насб мекард, нигарист.

Бондаренко дасташро болои зонуи Чернов ниҳода, пичирос зад: «Шиносатро гӯй, зуд унвони полковникӣ диҳад.»

– А-ҳа, генералӣ, – тамасхур кард Чернов ва ба хотираш омад, ки бо Фрунзе бори аввал дар Самара ҳамсуҳбат шуда буд. Офтобшин бо Пётр ном сарбозе суҳбаткунон аз паҳлӯи вокзал гузашта, дар гӯшаем хирмани вагонҳои партофтаю шикастаро диданд. Ногоҳ Фрунзе мошинсавор он ҷо омад. Ҳамроҳаш сардори роҳи оҳани Уралск марди рӯйдарозе, ки рангаш сап-сафед менамояд низ буд. Ӯро ба шиддат мазаммат мекард, ки чаро вагонҳоро ин ҷо тела кардаеду мегӯяд, ки вагон нест! «Ба шумо ду рӯз вақт – фармуд ӯ ба ҳамроҳаш. – Ҳамаи ин вагонҳоро таъмир карда ба кор медароред, вагарна ба суди инқилобӣ дода мешавад!» Фрунзе дар сари сина медад дошт. Ба хотири Александр медали бародарро фурӯхтаю ба модар ваъдаи баргардонданро карданаш омад. Чернов худро ба Фрунзе шиносонд. Гуфт, ки падарашро дидааст. Фрунзе ба ин хабар чандон эътибор надод. Ва баъдан афзуд, ки овозаҳои дар маҳкамаҳои Николаевскию Манзурка афтиданашро шунидааст, чеҳрааш кушода шуд ва ҳамзамон виқормандона гуфт:

– Мо чанд маҳбасхона дидем; ҳар яке онҳо бароям як академия буд. Мо дидем, ки подшоҳу атрофиёнаш дар он маҳкамаҳо ҳама озодмардону ватандӯстони Русияро тела карда буданд. Романовҳо дусад сол боз номаъқулиҳо мекарданд. Вале даҳ нафарро зиндон мекарданд, бар зиддашон сад нафар шуда мебаромаданд. Онҳо мисли чӯбе буданд, ки дар мағзаш оташ афтодааст. Об зада хомӯш кунӣ ҳам бадтар боз аланга мезанад. Дунёи гардон. Акнун замоне омад, ки мо онҳоро ба он зиндонҳо тела мекунем. Чунон тела кунем, ки дигар рӯзу рушнои

пешина
аз 613
навбатӣ