Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
олиҷаноб, ки дар дасти разилон несту нобуд гашт, Муаллимаи сарсахт боз бешавҳар монд, дар хонадони Зуҳурхон бева монд. Писари Зуҳурхон калон шуда буд. Аммо амакҳояш ӯро тарбия карда натавонистанд, аз сарашон дафъ кардани шуда, ба Ленинград ба хондан фиристоданд. Мебоист аз қафояш хабар мегирифтанд, пул фиристода меистоданд. Инро накарданд. Хуршед дар солҳои пас аз ҷанг азоб кашида, маҷбуран ба дуздӣ сар мекунад ва ба дасти дуздони мумтоз меафтад ва дере нагузашта ҳабс мешавад ва ӯро суд карда бадарға мекунанд... Ҳамин тавр аст кирдори бади Аслихон ва Муслеҳхон, ки ба ягона писари бародарашон нигоҳубин карда натавонистанд.
Зани Зуҳурхон – Муаллима пас аз нобуд шуда рафтани шавҳар ба театри колхозӣ (ҳамин тавр як коллективи санъаткорон ташкил шуда буд) ба кор даромаду дере нагузашта ба мудири ҳамин театр шавҳар кард. Аҷобати корро бинед, ки ин шавҳар ҳам пас аз чанд гоҳ ба зери чархи автобус монда ҳалок мешавад. Пас, Муаллимаро як ғижжакнавози театр ба занӣ мегирад ва ба Леминобод (ё ба кадом райони шимолӣ) гирифта мебарад. Ҳоло бо ҳамон шавҳар зиндагӣ дорад ва соҳиби фарзандҳост. Воқеа ва саргузашти ҳамин Муаллимаро ман дар «Зани бехосият» ном ҳикояам нағз тасвир кардаам.
Феълу атвори Аслихон аз феълу атвори падараш мондани надорад. Намедонам барои чӣ бо мо ин қадар бадрафторӣ мекунад. Аммо ба рӯям «ақаҷон» мегӯяд. Вай бо додари ҷонии худ Муслиҳиддин созиш карда наметавонист, рӯйнодид шуд. Лекин Аслиддин қобилияти зӯри артистӣ дорад. Дар театр ролҳои калонро бозид, оҳиста-оҳиста ба гирифтани номҳо ва унвонҳои фахрӣ сазовор гардид. Ниҳоят ба дараҷаи ғоятулғоя – ба гирифтани номи артисти халқии СССР ва депутати Совети Олии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё