Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоро (аз ҷиҳати пул ва молиёт) таъмин карда меистод. Дар он вақт котиби СеКа Бобоҷон Ғафуров буд. Чӣ шуд, ки муносибати Ғафуров ва Мирхон вайрон гашт, ҳамин тавр коркуни хуб ва ӯҳдабароро аз кор гирифт.
Мирхон қаҳр карда дигар ба корҳои масъул нарафт, ба институти педагогӣ ба кор даромаду дар аспирантура хонд ва кори илмӣ мудофия намуда, номзади илмҳои таърих шуд ва ӯро ба шӯъбаи ғоибхонҳо мудир карданд. Баъди чанд гоҳ бемор гашта ба бемористон афтод. Занаш Евгения Николаевна (ки бисёр зани олиҷаноб ва меҳрубон буд) қазо кард. Ин ба ҳаёти осудаи ӯ зарбаи калон шуд. Чанд гоҳ безан буд. Баъд ба Ойшахон толиб шуда ба назди ман ба маслиҳат омад. Ману Саодат ба ин издивоҷ розигӣ надодем, лекин ба маслиҳати мо гӯш надода, издивоҷ карданд.
Хуб, ё бад чор-панҷ сол зиндагӣ карданд. Баъд Мирхон сахт дилкаф (инфаркт) шуду вафот кард. Пас аз ду-се соли дигар Ойшахон аз бемории саратон (рак) азоб дида мурд.
Фарзандҳои Ойшахон ҳоло дар қайди ҳаётанд.

Муслиҳиддин дар солҳои ҳафтод бо бародараш созиш накард, аз ҳам ҷудо шуданд. Дар миёнаҳои солҳои ҳаштод қазо кард. Ин буд қиссаи мухтасари аҳли байти янгапошшои хурдӣ. Худи он кас дар охирҳои солҳои шастум вафот карданд.

Давоми сухан дар бораи худам ва бародарам
Нуриддинҷон: Ман дар Дорулмуаллимини Бухоро мехондам, аълохон будам. Аввал мактаби мо дар гузари Бозори сабзӣ, дар ҳавлии кадом бой буд. Баъд ба мадрасаи
Кӯкалдош кӯчидем, ки дар ин ҷо ман ба хобгоҳи мактаб
рафтам. Дар хуҷраҳои қабати дуюм истиқомат мекардем,
дар миёни саҳни мудраса ҳукумати Бухоро бо хишти пухта шаш синфи калон ва баҳаво сохт. Дар хуҷраҳои поёни

пешина
аз 339
навбатӣ