Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз гузаштани идда ба падарам зан додани шудаанд. Модаркалонам (модари падарам, ки мо он касро тӯтапошшо мегуфтем) маслиҳат додаанд, ки зани падарам бояд як духтари синнаш калонтар, бо таҷриба ва ӯҳдабаро бошад. Зеро ки мо се нафар аз модар сағира мондаро чун фарзанди худш тарбия кунад. Бо ин мақсад кофтуков ва ҷустуҷӯ намуда ояи калониамонро ёфтаанд. Вай духтари як муллои қашшоқ аз гузари Бозори Нав буда, модару як бародар доштааст, синнаш ҳам ба бистсолагӣ расида будааст. Падарам аз хостгорҳои рафтагӣ пурсидаанд, ки ҳусну ҷамоли духтар чӣ тавр? Онҳо ҷавоб додаанд: «Бад не, фарзанди одам-дия!» Яъне ки чандон хушрӯ ва баҳусн не. Падарам, ки фарзанддӯст буд, ба хотири тарбияи мо ба гирифтани «фарзанди одам...» розӣ мешавад. Тӯй кардаанд, ё не, намедонам. Вақто ки дар Қароқӯл ман одаму оламро медонистагӣ шудам, ояи калонӣ, модар ва бародараш - Атқиёхоҷа дар ҳавлии мо буданд. Модари оякалонро мо «Ойбибӣ» мегуфтем, вай кампири даступойнок, хушфеъл ва ҳунарманд буд. Моро нағз саробонӣ мекард. Дар хотирам ҳаст, ки агар шабҳо базудӣ хобам набарад, синаи худашро ба даҳонам медод. Ман намаккам ҳам синаро ба даҳон гирифта мехобидам. Оякалон хӯрокҳои бомаза мепухт. Аз ин ҷиҳат мо розӣ будем. Лекин вай (оякалон) андаке девонафеъл ва камақлтар баромад. Бесавод буд. Шеъру мусиқию нафосатро намедонист. Бинобар он падарам чун ҳамсараш, чун рафиқи ҳаёташ аз вай розӣ набуд. Ҳиссиёти падарам нозук ва баланд буд. Сӯҳбати ширин, лутфу марҳамат ва навозишро дӯст медошт. Мусиқӣ менавохт, ишқия буд. Китобҳои бисёре дошт, китобхон ва босавод буд. Аз сиёсат ва рафти зиндагӣ бохабар, хуллас ки одами мадании замонаш буд. Аммо дар сӯҳбати оякалон аз ин чизҳо асаре намеёфт. Бинобар он агар аз берун барвақт ба хона дарояд, агар меҳмон надошта бошад, бештар ману бародараму хоҳарамро дар хона ба атрофаш мегирифт.

пешина
аз 339
навбатӣ