Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бозии худ давом карданд. Ман пас аз ба роҳ даромадани поезд ба роҳрав баромадаму дар назди тиреза рост истода ба газета нигоҳ кардам. Вале чизе, ҳарферо надидам. Тамоми баданам дар оташи рашк месӯхт. Худамро сарзаниш мекардам, ки беҷуръатӣ карда духтарро аз даст додам.
Шаб торик шуда буд, ки ба Самарқанд расидем. Амакам Аминҷон бо зану бачаҳо ба пешвози мо баромада буданд. Ман бо онҳо сардакак вохӯрӣ кардам. Муҳаббатхон хурсанду шод буд. Ба хона омадем, ки стол рост кардаанд. Ҳазор хел нозу неъмат, шароб, таомҳои лазиз... Вале аз гулӯи ман дуруст хӯрок намегузашт, шароб ҳам нанӯшидам. Аммо Муҳаббатхон шӯху хандон буд. Албатта вазъияти ман аз амакам ва занашон пинҳон намонд, бинобар он як-ду соат нишаста, ба хонаи дарун даромаданд ва хоб карданд. Ман дар хонаи берун хеле вақт хобида натавонистам. Бо вуҷуди он дар баробари сафед шудани рӯз аз ҷо бархостаму дастурӯ шуста, чизу чораҳоямро бардошта, оҳиста аз хона баромада рафтам. Рост ба хобгоҳи мактабамон рафтам. Дар он ҷо ман ҷо доштам. Бо ҳамин чандин вақт ба хонаи амакам нарафтам. Баъд фаҳмидам, ки Муҳаббатхон ба техникуми педагогии Самарқанд даромадааст. Пас аз чанд рӯзи дигар дидам, ки бо Ҳамид Олимҷон (ки он вақт дар синфи охирини техникум мехонд) ошно шуда, сайру гашт мекунад. Ҳамин шуд - ҳамин, муносибати байни ману Муҳаббатхон ба таври абадӣ канда гашт ва ман чанд рӯз хаёлолуд гашта, баъд ҳамаро фаромӯш кардам, ба хондан дода шудам. Ин буд ишқи пок ва беғаши ман, ки дар натиҷаи сабукӣ ва беақлии Муҳаббатхон поймол гашт. Шояд он ишқи ҳақиқӣ набуд; як ҳавас, як тақлид ба кирдори қаҳрамонҳои китобҳои ишқии хондагиам буд! Дар ҷавонӣ ин ҳолат бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё