Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

овардаанд:

Шаби маҳтоб, маҳтобӣ кашидам,
Чилими нуқраро холӣ кашидам...

Боз ба калимаи «бадтар» ирод гирифта навиштаанд, ки «бадтар» нею «батар» аст. Барои мисол байти:

Рӯз агар гаме расадат тангдил мабош Рав шукр кун, мабод ки аз бад батар шавад-ро овардаанд...

Баъзан ба воқеа ва типажҳо ирод гирифта, саҳифа-саҳифа фикр баён кардаанд ва дар охири роман навиштаанд, ки ин роман бад не, агар муаллиф гашта кор кунад як асари замонавӣ ва даркорӣ мешавад.

Устод қисми дуюми «Шодӣ»-ро ҳам таҳрир карданд. Вале ин дафъа ба Душанбе омада, дар боғи ҳукуматӣ истиқомат карда, ба ман фармуданд, ки ҳар рӯз омада, дар наздашон романро хондан гирам ва он кас дар рафти хондани ман ислоҳоти худро медароранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ман мехондаму ҳар калима, ё ҳар ҷумлае ки ба он кас маъқул набошад, мегуфтанд, ман ислоҳ мекардам. Боре аз роман чунон як эпизодро хондам:

Барака ном ҷавони колхозчӣ ба духтари бойи бухорӣ, ки ба Тоҷикистон, ба ноҳияи дур гурехта омада буд, ошиқ шуда хонадор мешавад. Вале ҷанг сар мешаваду Барака ба ҷанг меравад, ҳар вақт хату хабар карда меистад. Лекин душманиони Барака хатҳои сохта карда фиристода, ба Барака мефаҳмонанд, ки занаш ба вай хиёнат мекунад, бо дигарон айшу ишрат дорад. Барака ин тавр хатро дар госпитаЛ мегирад. Чанд гоҳ бемор шуда мехобаду баъд аҳд мекунад, ки дигар ба хонааш ва ба ҳеҷ кас хат наменависад. Занаш ба хатҳои пайдарпаяш ҷавоб намегирад. Сол мегузарад аз Барака дарак намешавад. Ҳама гумон мекунанд, ки Барака ҳалок шудааст. Фақат занаш умедашро намеканад, Барака сиҳат саломат баргашта меояд. Дар ин фурсат

пешина
аз 339
навбатӣ