Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
мегӯяд, ки инро гиред, дигар ба ман даркор намешавад. Дар он лӯла кампал, полту ва боз дигар майдаҷӯйдаҳо печонида шуда шудааст. Дар ҳақиқат ҳам он чизҳо ба мӯсафед даркор намешаванд. Ба зудӣ, ё дар роҳ, ё дар лагер муаллими дигари ман аз ҷаҳон чашм мепӯшад... Афсӯс, сад афсӯс!
Мукаммил махсум – бародари Мазҳар махсум низ ҳабс мешавад ва дар кимкуҷоҳо нобуд шуда меравад. Ҳамин тавр буд тақдири миллионҳо бегуноҳон дар солҳои 1930-1946.
Модоме ки сухан дар бораи Бурҳоновҳо рафт, дар ин ҷо дар бораи Мисбоҳ Бурҳонов ном ҷияни Мазҳар махсум гуфта гузаштанро лозим мешуморам.
Дар соли 1930, моҳи август, ки ба аввалин анҷумани забоншиносони тоҷик ба Душанбе вакил шуда омада будам, Мисбоҳ Бурҳоновро дида шинохтам, ки муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон Сурх» буд. Ба назарам одами хеле серкор, фаъол ва обрӯманд намуд. Вай як ҷавони си-сиюдусола, миёнақад, сергӯшт, симояш ҷолиб ва назаррабо буд. Ба гап усто, меҳрубон ва хушмуомила буд. Баъд, вақто ки дар моҳи октябр кӯчида ба Душанбе, ба кор омадам, бо Мисбоҳ Бурҳонов аз наздик шинос шудам. Аъзои ҳукумат, дар болоҳо қадру эътимоднок буд, лекин хеле «сурх» буд. Ба газета мақолаҳои танқидӣ (гаправарона), занозанӣ, гурӯҳбозиро бештар чоп мекард. Боз Ризо Ализода ном ҷавоне муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» буд. Вай ҳам аз Бухоро (аз эрониҳои Бухоро), вай ҳам мисли Бурҳонов даҳонкалон, калтакбардаст ва гурӯҳбоз буд. Ин ҳарду ба адабиёт, ба қаламкашони ҳамонвақта часпида гирифта буданд. Пайрав Сулаймониро, Бектошро, Суҳайлиро ба найзаи танқид мегирифтанд. Бедарак ва нораво танқид мекарданд, «пролетари сурх»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё