Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Тирагун шабам бе чароғ монд,
Шоми зулматам бе чароғ монд,
На оҳ монд, на воҳ монд,
Дар дилам ҳамин дарду доғ монд.
Сина меканам, дод мезанам,
Аз ягон тараф як ҷавоб нест,
Дод, дод, дод!
Додрас намонд
Ҳамнафас намонд,
Ҳамқафас намонд
Хок бар сарам!

Ин шеър даҳон ба даҳон гашт ва дар байни соҳибфикрони замонаш хеле машҳур буд.

Дар соли 1933 Мисбоҳ Бурҳоновро гирифта ҳабс карданд ва бо ҳамин беному нишон аз байн рафт, то ки пас аз марги Сталини хунхор ӯро сафед карданд, маълум шуд, ки бегуноҳ будааст.

Муаллими дигари ман Восим Султонов (бояд Восеъ Султонов бошад), марди тотор буд. Аввали инқилоб аз Тотористон муаллим ва корманди бисёре ба Бухоро омада буданд ва ба корҳои маориф ва хоҷагӣ ёрии калон мерасониданд. Дар дорулмуаллимин ҳам муаллимҳои тотор якчанд нафар буданд. Аммо Восим Султонов беҳтарини онҳо буд. Аз табииёт дарс медод. Дар бораи растаниҳо (ботаника), дар бораи ҳайвонот ва одам (физиология) ҳақиқатро кушода медод. Одами мулоимфеъл, маданӣ ва ботамиз буд. Овози баланд надошт, мо талабагонро мисли фарзандони худ дӯст медошт. Ман ба дарсҳои вай ҳам хеле мароқ доштам. Хусусан физиологияи одамро бодиққат меомӯхтам. Мехондаму нағз медонистам, ки мо чӣ тавр нафас мекашем, ҳаво ба воситаи кадом аъзоҳо ба бадан

пешина
аз 339
навбатӣ