Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
дар чойхона нишаста чой мехӯрдам, ки бо як марди мусофирнамо, ки вай ҳам чой мехӯрд ва танҳо буд ҳамсӯҳбат шудам. Маълумам гашт, ки вай мудири маорифи Нурато будааст, барои гирифта бурдани муаллимҳо омадааст ва ба ман барин одам эҳтиёҷманд будааст. Ман гуфтам, ки агар хоҳад бо вай рафта метавонам. Азбас донист, ман муаллими кӯҳна, ботаҷриба ва дар курси такрории муаллимтайёркунӣ мехонам, хеле хурсанд шуд ва худи ҳамон дам дукаса ба шӯъбаи маориф рафтем. Вай аз мудири маориф илтимос кард, ки маро ба Нурато фиристанад. Мудири маориф ҳам розӣ шуд, санадҳоямро дуруст карда дод. Рӯзи дигар ман ба Нурато, ба як қишлоқи дури кӯҳистонаш рафта муаллим шудам ва то гузаштани даҳшати соли 1937, яъне то солҳои охири ҷанг дар ҳамон ҷо мондам ва баъд ба Бухоро омадам... Аммо Фитрат, ки ба ҳабс гирифта буданд, дигар барнагашт.
Модоме ки дар боло оид ба Ғуломҷон Изомӣ сухан рафт, мехоҳам, ки дар ин ҷо андаке дар бораи он кас баён кунам. Ман бо ин кас ва шодравон додарашон Аминҷон Изомӣ, (ки дар ҷанги дуюми ҷаҳон ба фронт рафта барнагашт) аз солҳои 1927-28 шинос будам, Ғуломҷон ва додари ин касро чун муаллим мешинохтам. Аминҷон Изомӣ аксар вақт дар болохонаи ҳавлии язнаам - Иноятхон омада зиёфат мехӯрд ва шабҳо мехобид. Ғуломҷон Изомиро баъдтар, ба воситаи Фазлиддин Шаҳобов ва бародараш, духтур Аъламхон (Бадриддин) шинос шудам. Ғуломҷон гӯё ба ин акаву ка тағой мешаванд ва бинобар он чандин бор ба Душанбе омада, дар хонаи онҳо ва баъд дар хонаи мо ҳам меҳмон шуда буданд. Боре ман бо оиламам дар Хоҷаобигарм истироҳат ва табобат мекардам, ки Ғуломҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё