Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

аз Қароқӯли мо хеле калон ва шаҳри ҳокимнишин буд. Чӣ тавре ки гуфтам, дар вақти қозӣ будани падарам дар Чорҷӯй мир Муҳаммад Юнус буд. Агар дар Қароқӯл падарам калонтарин каси туман бошад, дар Чорҷӯй ба мир Муҳаммад Юнус тобеъ буд ва ҳар рӯзи ҷумъа ба қабул ва «шӯлон»-и вай ба болои арк мерафт. «Шӯлон» гуфта, қабул ва меҳмондориро мегӯянд, ки ҳар рӯзи ҷумъа калонтарини вилоят (ё туман) барпо мекунад. Дар он меҳмондорӣ қозӣ, раис, амлокдор ва муфтию дигар уламо ва қозиёни шаҳр ҳозир мешуданд, сӯҳбат мекарданд, ош мехӯрданд ва бо рухсати мир (ё қозӣ) баргашта мерафтанд. Падарам шӯлонравиро бад медид, маҷбуран мерафт. Агар зиқ шавад, гоҳ-гоҳ моро ҳамроҳ гирифта ба «Девонабоғ», ба шаҳри нави Чорҷӯй мерафт. Он шаҳри аврупоӣ ба шумор мерафт. Депо, заводҳои пахта, равғанкашӣ, бандаргоҳ ва дигар муассисаҳои техникӣ, ресторанҳо, магазинҳо ва кинотеатрҳо дошт. Дар он шаҳр коргарон, мутахассисон, муҳандисон ва духтурҳо зиндагӣ мекарданд. Русҳо, арманиҳо, туркманҳо, тоҷикҳо ва эрониҳо буданд. Аз шаҳри кӯҳна ба шаҳри нав рафтан як саёҳати калон, як сафари аҷоиб ба ҳисоб мерафт. Гӯё, ин хел сайрҳои падарам ба мир Муҳаммад Юнус маъқул нашудааст ва ӯ ба воситаи маҳрамҳояш инро ба падарам расонидааст. Бинобар он падарам ба мир ҳурмат надошт, муносибати хуб намекард.

Дар Чорҷӯй қозихонаи калоне буд. Ба ғайр аз меҳмонхонаи падарам, ки ҷои арзпурсии вай ҳам буд ва дар зери айвон воқеъ гашта буд, боз чандин хонаҳои дигар буд. Дар ин хонаҳо меҳмонҳо, мирзоҳо ва мулозимҳо меистоданд. Дар Чорҷӯй мо фақат ду сол истодему ҷанги Колесов сар шуд ва мо гурехта ба Бухоро рафтем. Ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки ним сол пеш аз сар шудани ҷанг

пешина
аз 339
навбатӣ