Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ва солҳои 1936 аз кор рафт, нафақахӯр буд. Як-ду китоб барои нашриёти давлатии Тоҷикистон тарҷума карда дод. Дар соли 1937 дар қатори бегуноҳони дигар ба ҳабс гирифта шуд, вале пас аз ду сол озод гашту дар охирҳои солҳои ҷанг вафот кард, хеле афсус!
Амакам Аминҷон махсумро, ки ҳақиқатан одами аҷоиб хушсалиқа, доно ва табъаш баланд буд, ман дӯст медоштам ва номи ӯро, корнамоиҳои ӯро кам бошад ҳам дар романи «Сафар Махсум дар Бухоро» қайд карда гузаштам. Бигузор, он чанд саҳифа ба хотираи поки ӯ аз ман ёдгор бимонад!
Сӯҳбати мо дар бораи Чорҷӯй ва қозигии падарам дар он ҷо буд:
Чорҷӯйро, хусусан шаҳри нави Чорҷӯйро (Девонабоғро) шаҳри инқилобӣ номидан мумкин буд. Дар соли 1920 аввалин анҷумани коммунистони Бухоро дар Девонабоғ кушода шуда буд. Зеро дар ин шаҳр, ки гуфтан мумкин аст русист, коргарон бисёр буданд. Ҳокимияти амир, дасти зулми аморати Бухоро намерасид. Дар ин ҷо ҳаракати инқилобӣ рӯз то рӯз меафзуд ва дар рӯзҳои воқеаи Колесов дар байни ҳокими Чорҷӯй ва аскарони ӯ аз як тараф ва коргарони шӯришкарда ҷанги сахте даргирифт. Падарам, багумон аз пешомади кор бохабар буд, ки ҳанӯз ҷанг сар нашуда, моро ба тарафи Ӯбаҷӯлӣ (шаҳрчае дар канори рости дарёи Ому) фиристод. Кӯчи моро падарарӯси падарам амаки Муҳаммадии тариқачӣ Сардорӣ мекард. Истгоҳи аввалии мо дар ин сафар ҳавлии Чӯлибойи машҳур буд.
Дар Чорҷӯй аскарони мир Муҳаммад Юнус ва аламони бисёре ба Девонабоғ ҳуҷум мекунанд. Қисми зиёди роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё