Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Сталин маҳз барои тарсонидани халқ, тарсонидани гирду атрофиёнаш ба ин даҳшат даст задааст. Вай ҳокими мутлақ шудан мехостааст, мисли Чингиз, мисли дигар золимони гузашта! Вай ҳатто наздиктарин одамҳои худро кушта, нобуд карда, ба дили дигарон даҳшат, воҳима андохтааст. Касе аз фармони вай як сари мӯе гардан тофта наметавонист. Мекушт ва бераҳмона несту нобуд мекард. Мегӯянд, ки вай ин таълимро аз Ленин гирифтааст. Гӯё Ленин ҳам дар аввали инқилоб ҳамин тавр куштор кардааст. Сталин — турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро, даҳ баробари устодаш одам кушта, ба дили халқ воҳима ва ҳарос андохтааст. Мардум аз тарс дар танҳоӣ ҳам Сталинро дуо мекарданд ва ба Сталин сано мехонданд. Ҳама гумон доштанд, ки боиси зулму, ҳабсу табъиду марги мардум дигаронанд – Ежов, Берия ва ғайра – на Сталин.
Соли 1937-ро соли бехосият, соли бадбахтии мардум медонистанд. Ин соли наҳсро ҳама дуои бад мекарданд ва ба онҳое, ки ин солро барои мардум наҳсу фалокатовар кардаанд, аҷалу марг мехостанд. Дар ҳақиқат гуноҳ ба сол, ба рақам ва омади он нест, гуноҳ ба онҳое мебошад, ки амали фалокатовари худро дар ҳамин сол тезониданд, дар ҳамин сол бо даҳшати каснадида ва гӯшнашунида ба сари миллионҳо бегуноҳон борони аҷал ва маргро рехтанд.
Даҳшату фалокат оилаи моро ҳам фаро гирифт. Барои он ки таърихи зиндагонии ман дар ин солҳо равшан ва аён гардад, барои он ки мардум боиси бадбахтӣ ва азобу уқубати дар хонадони мо рухдодаро дуруст бифаҳманд, лозим донистам, ки ҳар чӣ аз он солҳои фалокатовар дар хотир мондааст, дар ин ҷо бинависам.
Одам ва аҳволи рӯҳияи он аҷоиб сохта шудааст. Бадбахтӣ ва рӯзҳои сиёҳи зиндагӣ бо гузаштани вақт фаромӯш мешаванд. Бисёр кам воқеъ мегардад, ки кас дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо