Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ба онҳо ҳамроҳ мешавад ва хуб хурсанӣ мекунанд. Онҳо дар ҳавлии онаи Насриддин ном зани қадрдони хонадони мо, ки аз ҳавлии мо чандон дур набуд, истиқомат кардаанд. Онаи Насриддинро Саодат «нана» мегуфт. Саодат, ки хеле хушрӯ ва зебо буд, Маъсумахону дугонаи дигараш ҳам дар зебоӣ аз Саодат кам набуданд, дар Бухоро ҳаваси мардаконро оварда, лекин ба талабгорон пушти по зада гаштаанд.
Ҳаминро дар ин ҷо қайд кунам, ки ба Саодати ман пас аз ҳабс шуданам, аввал ҳамон Раҳматов, ки дар кассаи амонатӣ кор мекард, толиб шуда баромада, ба занӣ гирифтанӣ шудааст, ки Саодат ва модараш сахт рад кардаанд. Баъд Мирзоев Абдулғанӣ ба хонаи Саодат омадарафта, бо аммапошшо улфат шуда, угрои он касро нӯши ҷон карда, ба Саодат талабгор шудааст. Баъд ҳатто Боқӣ Раҳимзода, ки ҳамроҳи Сулаймонхон омада шудааст, низ нияти ба аммапошшо домод шуданро кардааст. Инҳо гумон кардаанд, ки ман тамом шудам, дигар барнамегардам ва зани зебои бекас аз даст наравад. Хайрият Саодати баномус ва баиффати ман, Саодати бовафо ва меҳрубони ман ба ҳамаи ин талабгорон пушти по зада, рад кардааст ва гуфтааст, ки ман дигар шавҳар намекунам, ягона шавҳарам албатта аз ҳабс озод мешавад. Ва Замираи чор-панҷсолаю Ҷонони як-якуним соларо ба синааш часпонда, бо умед зиндагӣ мекардааст.
Чи тавре ки дар боло қайд кардам, пас аз ду рӯзи чоп шуда баромадани мақола, дар 26 сентябри соли 1937, дар соати чаҳори саҳар дари хонаи маро сахт кӯфтанд. Ману ҳама хонавода бедор шудем ва ҳама донистем, ки барои гирифта бурдани ман омаданд. Он рӯзҳо ҳар мошинае, ки шабона аз роҳи калон мегузашт, ба ман воҳима мебахшид, то гузашта рафтани мошина гӯш ба қимор мешудам. Агар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо