Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

тақрибан ҳашт-даҳ литр об мебурд. Ба он рӯзу шаб, агар пешоб ояд, ҳабсӣ мемезад ва дар вақти ба ҳоҷатхона баровардан (рӯзе ду бор) онро бурда, холӣ карда меоранд. Аз ин рӯ, дар ҳуҷра бӯи бади пешоб ҳамеша ҳис карда мешавад.

Рӯзҳои дар ин ҳуҷра будани ман шароит он қадар сахт ва пурдаҳшат набуд. Рӯзе се бор дарича кушода мешуду аввали рӯз чой, дар пиёлаҳои фулузӣ, нон - ду порча дода мешуд. Дар соати дуи рӯз шӯрбо, дар миска (косаҳои фулузин) – бегӯшт, ё як-ду лунда гӯшт, ё борш дода мешуд. Бегоҳӣ ягон шӯла – каша, бештар кашаи пишонка (кӯфтаи арзан) дода мешуд. Агар толеатон ёрӣ дода, ба шумо аз аввали сатил ризқу рӯзӣ расад, як андак равғанӣ мешавад, набошад пишонкаи дар об ҷӯшидаи беравған! Фаромӯш кардаам, дар вақти ба ҳабсхона даровардан аз кисаи ман чиҳилунӯҳ сум пулро гирифтанд ва ба ман санад доданд. Ҳабсиҳо дар ҳар ҳафта-даҳ рӯз як бор ҳақ доштанд, ки аз пули худашон сардори ҳуҷраро фиристода, аз магазин ба миқдори муайян (чаҳор-панҷ сумӣ) хӯрокворӣ, равғани маска, пиёзи кабуд, тамоку, сирпиёз, қанд барин чизҳоро харанд. Мо ба нон сирпиёзро молида мехӯрдем ва гумон мекардем, ки колбаса мехӯрем.

Дар ҳуҷраи ҳафтум ман дер нанишастам. Пас аз чанд рӯз маро ба ҳуҷраи шашум, ки калонтарини ҳуҷраҳо буд ва дар он ҷо 12 нафар буданд, кӯчонданд.

Лекин ҳуҷраи ҳафтум бад набуд. Се кас сӯҳбат карда менишастем ва ба мо ҳеҷ халал намедоданд, яъне ба тафтишу истинтоқ, чеғ задан ва бурда овардан набуд. Гӯё ки моро фаромӯш карда буданд. Рӯзе як бор барои ҳавогирӣ ба ҳавличаи ҳабсхона мебароварданд, ки чандон калон набуд. Як тарафи ҳавлича ҳабсхона, тарафи дигараш девори баланде буд, ки аз болояш симхор дошт. Дидбон дар

пешина
аз 339
навбатӣ