Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
аст; бе ҷамъият, дар дашти бекас вай худро ғариб, нотавон ва пажмурда мешуморад. Чуноне ки дар чоррӯза сафари дашти Қароқум ман худро ҳис намудам, ҳарчанд ки дар байни ҷамъияти хурде будам, ҳарчанд ки парасторон доштам...
Корвони мо рост рафта дар гузари Дегрезӣ, дар назди ҳавлии калони худамон бозистод. Ба ҳавлӣ даромадем. Ин ҳавлӣ як дарвозахонаи калоне дошт, ки дар охири ҳамгашти кӯча, дар рӯбарӯи масҷиди Мавлоно Шариф воқеъ гашта, дарвозаи дутабақаи он ба саҳлави калоне кушода мешуд. Дар саҳлав суфае буд, ки дар вақти ҳавлии раиси Бухоро будани ин бино дар он хизматторҳо, арзиҳо ва дигарон менишастанд. Дар тарафи чапи ин саҳлав дари ҳавличае кушода мешуд, ки дар айвони гирдогирди он аспҳо ва саисҳо ҷо мегирифтанд. Пас дар охири саҳлав дари ҳавлии берун буд, ки дар тарафи рост воқеъ гашта, омадаро ба рӯи ҳавлии васеъи хиштфарш мебаровард. Бевосита пас аз дарвоза, дар тарафи рост бо се-чор зина ба рӯи суфа ва таҳти айвони баланд мебаромадед, ки дар он ҷо даҳлез ва хонаи калон бо мадонаш воқеъ гашта ва ин хона – хонаи раиснишин ва меҳмонқабулкунӣ буд. Дар поёни суфа боз як хона (шояд мирзохона бошад) ва дар рӯбарӯи айвон боз як хонаи ёздаҳболори баланд буд. Дари ҳавлии дарун аз байни ин ду хона кушода мешуд.
Ҳавлии дарун аз ду ҳавлӣ, хонаҳои бисёре, таҳхона ва ошхона иборат буд, ки аз омадани мо оилаи калони дар ҳавлии асосӣ, (ки ошхона ва таҳхонаҳо дошт) ҷо гирифту оилаи хурди дар ҳавличаи шафати он. Сохти ин ҳавлию хонаҳо, осмони васеъи онҳо, рӯи суфа, таҳхона ва болохонаҳои он ба ман хеле маъқул буд. Аз паси хонаи калони ҳавлии дарун кӯчаи калони сангфарш мегузашт, ки таҳхонаи ҳавлӣ ба он кӯча якчанд сӯрохиҳои ҳаводарро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё