Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
маро, ё падари маро кушт. Дар он ҳол қозӣ ба ягон мулозимаш мефармуд, ки ба қишлоқ (ё маҳалла)-и даъвогар рафта, амину оқсоқолро дида, шоҳидҳо ва тарафи даъвогарро ҳамроҳ гирифта баргардад. Мулозимҳо ҳам ба мартаба баланду паст буданд. Ба корҳои сермағал мулозими баландмартаба мерафт. Аз ин кори калон даромади вай ҳам калонтар буд (мулозимҳо моҳона намегирифтанд). Бо кору ҷанҷолҳои хурд мулозими муқаррарӣ мерафт. Мулозимҳо қариб даҳ-дувоздаҳ нафар буданд, ки ҳамеша мунтазири кори калон менишастанд. Ака Турсуни мо ҳам, ки тарбиятгар ва муаккали мо буд ва аз падарам моҳона-маош мегирифт, гоҳ-гоҳ ба корҳои ҷанҷолӣ рафта меомад.
Дар бораи ака Турсун чанд сухан гуфтанро лозим мешуморам. Вай марде буд (дар вақти дар Ғиждувон будани мо) тақрибан сӣ сола, миёнақад, кулӯтариш, тануманд, хушафту андом ва хушмуомила. Шеъру қиссаю ҳикоятро дӯст медошт, худаш савод надошт, лекин дар тоқи хонааш ҳамеша китобҳои «Иброҳими Адҳам», «Қасасуланбиё», «Ҳотами тай», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Фарҳоду Ширин» (дар Тошканд ба шакли брошюра бо насру назм чоп шудагӣ) барин асарҳо мавҷуд буданд. Ин китобҳоро ба одамони босавод, ба мирзоҳои падарам дода мехононд ва худаш бо мо нишаста гӯш мекард. Аксарияти шеърҳо ва ғазалҳои он китобҳоро ёд карда мегирифт. Дутор навохта он ғазалҳоро андак-андак замзама ҳам мекард. Вазифаи ака Турсун ҳамин буд, ки аз пагоҳ то бегоҳ аз ҳоли мо бохабар бошад, моро ба мактаб барад, сайру тамошо диҳад. Тобистонҳо, дар вақти дар дарёҳо ва рӯдҳо оббозӣ кардани мо бохабар бошад...
Ҳамин ака Турсун боис шуду дар Ғиждувон ман қариб хату саводамро бароварда гирифтам. Вай ҳар рӯз мегуфт, ки ғайрат карда хонем, навиштанро омӯзем, ана дар Бухоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё