Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

падарам мешуданд.

Падарам ошипалавпазиро дӯст медошт ва оши нағзу бомаза мепухт. Додари раиси Ғиҷдувон як марди шӯх, ҳозирҷавоб ва кӯкнорӣ буд. Аксар вақт падарам ба сӯҳбат ӯро ҷез мезад ва гоҳо шабу рӯз дар ҳавлии мо умр мегузаронид. Дар вақти ошпазии падарам он марди шӯх гирд-гирди оташдон гашта шӯхиҳо мекард, ҳикояҳои хандаовар мегуфт ва аз падарам илтимос мекард, ки ошро серравғантар кунад. Падарам ҳам ошро ба дараҷаи серравған мекард, ки аз таки дег як нимкоса равған гирифта ба додари раис медод ва ӯ ҳам бемуҳобо онро дам мекашид.

Падарам бо ин марди шӯх чунон улфат гирифта буд, ки ҳатто пас аз инқилоб ҳам муносибатро наканд ва додари раис ба ҳавлии мо рафтуомад дошт, дар аксар меҳмондориҳо ҳозир буд. Бо шӯхиҳо ва гуфторҳои аҷоиби худ ҳамаро хандонда менишаст. Дар хотир дорам, ки боре, дар соли 1921, тобистон падарам бо улфатҳояш — Аминҷон махсум, ака Шарифхон (дар бораи ин кас дар оянда батафсил хоҳам гуфт) ва Ҳоҷӣ Зиёдулло — яке аз мардони зариф, ки бархӯрддор ва шӯх буд (дар идораи адлия кор мекард) ва инчунин додари раиси Ғиҷдувон — ҳамон марди кӯкнории ҳарзагӯ ва шӯх дар аробаи кӯтак нишаста ба беруни шаҳр сафар кард ва азми Чаҳорбоғи Кӯлбаро дошт. Албатта ма-ну бародарам ҳам будем. Он вақтҳо дарвозаҳои қалъаи Бухоро посбон дошт ва ҳар кӣ дарояд, ё барояд албатта тафтиш мекарданд, чизу чораҳояшро кофта медиданд. Инак, вақто ки аробаи мо ба дарвоза расида барои аз тафтиш гузаштан бозистод, посбонҳо баромада аробаро иҳота карданд ва яке аз онҳо ба таври расмӣ ба ин ҷо, ба он ҷои ароба ва суворони он чашм давонд. Ба гумонам, падарам, ё амаки Аминҷон ба посбон имо карданд, ки вай махсусан

пешина
аз 339
навбатӣ