Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда будем. Сӯҳбатамон аз китобу аз машки хату ва мактабхонӣ буд... Баъдҳо Муҳаммадҷон шоир шуд, тахаллуси Васфиро гирифт ва шеърҳои бисёре навишта ба газетаҳо чоп кард. Худаш аз аввал то ба охири умраш коркуни идораи газета буд. Аввал чандин сол дар газетаи Бухоро кор кард. Баъд ки дар Тошканд газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ба забони тоҷикӣ) ташкил ёфт, ӯ кӯчида ба Тошканд рафт ва ба ҳамин газета ба кор даромад. Чандин достонҳо навишт, тарҷумаҳои шеърии бисёре дорад, аз классикҳо, аз шоирони ҳамин замони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва баръакс. Забони тоҷикиро нағз медонист, болаёқат ва хушбаён буд. Зуд шеър мебофт ва дар ҳар хусус, дар ҳар маврид, бахшида ба ҳар кас шеър гуфта метавонист. Пас аз анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон, ки вай вакили он буд, ӯро ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул карданд. Пас аз 5-6 сол, ки чизи дурусте нанвишт дар қатори се-чаҳор нафар ба ном нависандаҳо, аз сафи нависандагони Тоҷикистон хориҷ карданд. Ман ҳар қадар кӯшиш кардам, ки ӯро мононам, нашуд. Лекин баъдтар, пас аз гузаштани чанд сол ва пас аз эҷодкориҳои дурусташ, бо тавсияи худи Мирзо Турсунзода ӯро боз ба сафи нависандагони Советӣ қабул карданд. Лекин ин дафъа дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон. Васфӣ бисёр менӯшид. Ҳамин нӯшиданҳо оҳиста-оҳиста кори ӯро карданд ва ҷӯраи хуби ман дар аввали солҳои ҳафтод бемор шуда вафот кард.
Қабраш дар қабристони Дурмани шаҳри Тошканд, дар қатори одамони номдори Ӯзбекистон аст.

Васфӣ бо Ҳаким Ҳомидӣ ном рафиқ ва ҳамдами ман
бисёр дӯсти қарин шуда буд. Дӯстии инҳо дар Тошканд
оғоз ёфт. Одати ҳамшаҳриҳо дар шаҳри худ бо ҳамдигар
чандон коре надоранд. Лекин дар мусофират, дар шаҳр ва

пешина
аз 339
навбатӣ