Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

сангро, ки ҳар сангаш 12 километр аст, мо қариб дар як рӯз тай кардем. Ҳаво чандон гарм набошад ҳам офтоби моҳи сентябр хеле батаъсир буд. Азбаски роҳ бедолу дарахт буд, офтоб ҳамеша ба пешонаяи мо буд. Дар нимаи рӯз ба сари пули Меҳтар Қосим расидем. Ин пули хиштине буд, ки ба болои дарёи Зарафшон сохта буданд. Дар гирду пеши пул дарахте, сабзае набуд, дашт буд. Вале аз пул ки гузаштед, дар соҳили тарафи Бухоро чойхонаҳо, ошхонаҳо, саройҳо ва як растачаи болопӯшидае буд. Мо ба чойхонаи канори дарё манзил кардем. Калонҳо ба ҷою нонхӯрӣ нишастанд, ману бародарам ба канори дарё фуромадем, ки обаш хеле кам, мисли як ҷӯе ҷорӣ буд. Лекин адоғаш ва канораш пур аз санҷамайда ва рег буд, ки ба бозии мо мувофиқ афтод. Пас аз соате осудан боз ба роҳ даромадем ва дар соатҳои 4-5 бегоҳӣ чархи аробаи мо ба рӯи қайроқҳои фарши кӯчаи Бухоро садо дод. Аробаи мо аз дарвозаи Самарқанди Бухоро, ки дар беруни он майдонии васеъ, ҷои машки сарбозони амир буд, ба шаҳр дохил шуд. Ба ҳавлии дар гузари Дегрези будаи худамон фуромадем. Ҳавлибудагон — қадрдонҳо ва наздикони мо хурсандона моро пешвоз гирифтанд. Он шаб осуда хобидем. Пагоҳ аз хоб бархоста, дар рӯи ҳавлӣ ношто карда истода будам, ки дар ҳаво аэроплан пайдо шуд. Ин аввалин бор буд, ки ман аэропланро медидам. Вай дар осмони лоҷувардӣ хеле майда менамуд. Дуболдор буд, ки онро ташхис кардан мумкин буд. Ҳар замон-ҳар замон аз думаш мисли дуди сафед чизе мебаромад. Мо мегуфтем, ки аэроплан паперос мекашад. Лекин он варақаҳои сурху сафед — хитобномаҳо ва муроҷиат ба мардуми Бухоро будааст, ки пас аз замоне одамони мо аз кӯча ёфта оварда ба мо доданд. Ман ки савод доштам, он хитобномаҳоро хонда додам. Онҳо мардумро ба шӯриш, ба нест кардани аморати Бухоро, ба

пешина
аз 339
навбатӣ