Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ҳоҳарамон мерафтем, ки пас аз вафоти падар ба тақдири сиёҳаш тамом тан дода, ба ҳар ҷавру ҷафои шавҳар сар фуроварда буд. Язнаам Иноятхон намедонам дар кадом идора кор мекард ва бисёртар умраш дар кайфу сафо, ҷӯрабозӣ ва меҳмондорӣ мегузашт. Аксарияти шабҳо ҷӯраҳо, амакбачаҳо ва хешутабори падараш — ба мисли Ёдгорхоҷа, Темурхон, Шарофҷонҳо ба меҳмонхона ҷамъ мешуданд. Албатта аз ҳавлии дарун оши палав, ё кабоб, ё ягон хӯроки дигар мебаромад. Чои кабуди талх ҳамеша дар манқал тайёр буд, дар чилим тамокуи қаршигӣ дуд мекард. Бисёр вақт барш (як навъ маъҷун, ки дар таркибаш афиюн дошт) мехӯрданд ва он кайф медод. Баъд Шарофҷон дутор навохта ашӯла мехонд. Ёдгорхоҷа (амакбачаи язна), ки одами бофаросат, боақлу донишманд буд, ҳикояҳои аҷоиб гуфта, сӯҳбатро метафсонид. Гоҳо мани мандонам ҳам ба ин сӯҳбатҳо иштирок мекардам ва аз калонсолҳо мондани накарда сӯҳбат мекардам. Ҳамаи ин хароҷот ва зиёфатҳо аз ҳисоби аммапошшо мешуд, ки чизуҷораи будагиро фурӯхта пул мекарданд ва он пулҳоро Иноятхон ба ҳавою ҳавас бод медод.

Хоҳарам рӯз аз рӯз лоғар ва нотавон мегашт. Ду писар зоида дод. Номи калонӣ Ибод, номи баъдина Мисбоҳ буд, ки ҳоло дар қайди ҳаётанд ва соҳиби фарзанду набера гаштаанд. Фарзанди охирини хоҳарам — Қаҳрамон дар солҳои пеш аз ҷанг ба дунё омад, ки дар машаққат ва бепадару модар, дар дасти Саодат калон шуд (мо ба ӯ маълумоти олӣ гирифта додем) ва ҳоло дар Қӯрғонтеппа муаллим аст, зану фарзандҳо дорад, аҳволаш хуб аст.

Язнаам пас аз ба Тоҷикистон омадани мо будушуди чизҳои аммаро (модарашро) фурӯхта хӯрда, азбаски зиндагӣ дар Бухоро танг шудааст, ба Ғиҷдувон рафта, намедонам ба чӣ коре машғул шудааст. Боре ман ба Бухоро

пешина
аз 339
навбатӣ