САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданМавод дар бораи чӣ аст?
- Дар ин мавод дар бораи кадом ҳодиса сухан меравад? (кадом воқеаи иттилоотӣ?)
Оё ба саволҳои «Чӣ ҳодиса рӯй дод?», «Дар куҷо рӯй дод?», «Кай рӯй дод?», «Чаро
ин ҳодиса рӯй дод?», Сабабҳои ба амал омадани ин ҳолат? Оё маълумот дар бораи
динамика (омори расмӣ) вуҷуд дорад?
Саволҳои равонакунанда барои муаллим: Журналист дар ин мақола чӣ хабари
нав додани буд? Маълумот ё иттилоот дар бораи кадом ҳодиса? Сабаб ё мақасади
ба амал омадани ин ҳодиса ошкор шудаанд? Оё маълумоте вуҷуд дорад, ки дар
асоси он мо метавонем динамикаи ин вазъро таҳлил кунем, ки инъикоскунандаи ин
ҳолат мебошад?
- Иҷрокунандагони амал дар мавод киҳо ҳастанд? Саволҳои кӣ дар тайёр
кардани маводҳо истифода шуданд? Оё онҳо иштирокчиёни бевоситаи ҳодиса
дар ин мавзӯъ ба таври мустақим меандешанд?
Дар мавод танҳо як мусоҳибаи иштирокчии рӯйдод истифода шудааст - намояндаи
милитсия, ки парвандаи мазкурро роҳбарӣ мекунад, бо он аққалан шинос аст. Аммо
ӯ дар ин рӯйдод иштирокчии бевосита нест. Ғайр аз ин лаҳзае аз пурсиши навраси
нигоҳдошташуда нишон дода шудааст. Аммо, наврасон дар пурсиш шарҳ намедиҳанд, ки чаро онҳо ин корро карданд, яъне, боз дар бораи сабабҳои ҷинояткории
ноболиғон маълумот дода намешавад.
Саволҳои водоркунанда ба муаллим: Оё волидайн иштирокчии рӯйдод аст? Кӣ
метавонад иштирокчии ин ҳодиса бошад? Оё дар ин ҳодиса навраси боздоштшуда иштирокчӣ аст? Оё наврасон фаҳмонидаанд, ки чаро онҳо ин корро карданд, оё
мумкин аст, ки аз мусоҳибаи онҳо оиди сабабҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон
хулоса кунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё