САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Оё ҳамаи иштирокчиёни ин ҳодиса имконият доштанд, ки мавқеъ ё
фикри худро баён кунанд?
Дар ин мавод мавқеи тарафҳои дигар вуҷуд надорад. Масалан, сухан дар
барои ҷинояткории ноболиғон, аз он ҷумла ба оилаҳо низ вобаста буданаш
пурра нишон дода нашудааст. Мусоҳибаҳое, ки метавонанд аз номи волидони
наврасон, масалан, дар бораи сифати таҳсилот, системаи маориф ва мушкилоти тарбиявӣ сухан ронанд, низ мавҷуд нест. Мусоҳиба бо психолог вуҷуд
надорад, ки дар бораи омилҳои дигаре, ки ба содир кардани ҷиноятҳо аз
ҷониби наврасон оварда мерасонанд, нақл кунад.
Саволҳои водоркунанда барои омӯзгор: Оё маълумоти пурра оиди ҷинояткории кӯдакон дода шудааст? Оё ягон далел дар бораи ҷинояткории ноболиғон,
ғайр аз ҳодисаи мазкур вуҷуд дорад? Оё далелҳо (шояд тадқиқотҳо ё оморҳо)
дар бораи вазъияти ҷиноят дар байни ноболиғон вуҷуд доранд? Оё ҷавобҳои
пурра ба саволе, ки чаро ноболиғон ҷиноят содир мекунанд, вуҷуд дорад? Оё
дар хабар оиди дигар сабабҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ягон маълумот мавҷуд аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё