Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

«ОРЗУҲОИ АМАЛИШУДА»

Қадами 1. Муаллим слайдҳоро ба навбат нишон медиҳад, ва савол медиҳад: «Ин кӣ аст?» ва «Чӣ тавр Интернет ба маъруф шудани ӯ мадад кард?».
Рушди Интернет инчунин ба шумораи зиёди одамон барои ба дастовардҳо муваффақ шудан мусоидат кардааст. Яке аз оғозкунандаҳои замон (эра)-и технологияи иттилоотӣ ин асосгузори Apple, NeXT ва Pixar, соҳибкор Стив Ҷобс мебошад. Орзуи ӯ имкон дод, ки ҳар як шахс дар хонааш компютери шахсӣ дошта бошад. Ҳар кас мехоҳад дар хонааш маҳсулоти ширкати Apple-ро дошта бошад, ки муассис ва бунёдгари ин ширкат аз оилае буд, ӯро ба фарзандӣ қабул карда буданд, вале ӯ бо идеяи худ саргарм буд ва ниҳоят ба онро амали намуда ба муваффакияихо ноил шуд.
Дар солҳои донишҷӯӣ, Марк Зукерберг, якҷоя бо ҳамроҳонаш, шабакаи иҷтимоӣ барои донишҷӯён, ки имрӯз миллионҳо одамонро муттаҳид месозад ва ӯро яке аз сарватмандтарин одамони сайёра сохтааст, ташкил карда буд. Facebook яке аз панҷ шабакаҳои бисёр мизоҷи жаьон мебошад. То моҳи июни соли 2017 шумораи истифодабарандагони Facebook ба 2 миллиард расиданд.

пешина
аз 126
навбатӣ