Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Донишҷӯ Элдана Сатиболдиева, ба шарофати видеофилмҳои ҳаҷвии худ, зиёда аз ним миллион муштариёнро дар Instagram ҷамъ овард ва дар Қазоқистон ва Русия машҳур шудааст.

Соли гузашта, тамоми ҷаҳон чӣ гуна орзуи як писараки оддии афғон амалӣ гашт тамошо карданд. Сурати ӯ бо либоси футболӣ аз як халтачаи полиэтиленӣ бо дарҷи номи Месси дар Интернет хеле машҳур шуд. Пас аз як сол, футболбози машҳури ҷаҳон бо ӯ вохӯрд.

МАШҚИ 4 «МАН ЧӢ МЕХОҲАМ?»
Вазифа: Имкониятҳои Интернетро бо ҳар як талаба фардӣ пайваст кардан.
Қадами 1. Корҳои алоҳидаи донишҷӯён.
Муаллим вазифаро медиҳад: «Дар бораи орзуи худ фикр кунед, онро бо як ё ду ҷумла таҳия намуда дар як пораи коғаз нависед. Вақти додашуда 1 дақиқа.
Қадами 2. Навиштани 5 усули истифодаи Интернет дар роҳи амалисозии орзуҳои шумо. (1-2 дақиқа) (Маълумот барои муаллим: Масалан: Ман метавонам барои инкишоф додани дониши забони хориҷиам бо донандаи забон тавассути Skype сӯҳбат кунам; дар саҳифаи ҷои кори холӣ барои худ кор ёбам, аз захираҳои китобхонаҳо истифода барам ва ғайра) Қадами 3. Ҳуҷуми ақлӣ. Муаллим пешниҳод мекунад, ки баъзе идеяҳо баён шаванд ва ҷавобҳои хонандагонро дар тахтаи синф менависад ва онҳоро ба панҷ сутунҳо тақсим мекунад.
Қадами 4. Муаллим дар ҳар як сутун номи функсияро менависад (яъне маънои ҷавобҳои донишҷӯён вобаста аст)

Функсияҳои иттилоотӣ сарчашмаи бузургтарин ва фаврии иттилоот
Функсияҳои интиқоли маълумот платформа барои алоқаҳои виртуалии шахсӣ ва тиҷоратӣ
Функсияҳои иҷтимоӣ Маҳфилҳои бузург аз рӯи шавқ
Функсияҳои таълимӣ фазои бузург барои гирифтани таълим ва инкишофи малакаҳо
Функсияҳои фароғатӣ Ҷои худомӯзӣ, вақтхушӣ ва ҳалли мушкилоти шахсӣ

Вазифа: функсияҳоро кушода, дар мавзӯи истифодаи ҳар як функсияи мушаххас то қадри ҳол бештар мисолҳо овардан
• Интернет - сарчашмаи бузургтарин ва оперативии иттилоот аст (кадом намуди ВАО дар интернет шабакаи худро дорад).
• Интернет - платформаи алоқаи инфиродӣ ва тиҷоратӣ (почтаи электронӣ, паёмҳои фаврӣ (месенҷерҳо) - Skype, WhatsApp, Telegram, Viber, шабакаҳои иҷтимоӣ).
• Интернет - маҳфили бузург аз рӯи шавқҳо (ҷомеаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, форумҳои мавзӯӣ ва порталҳо).
• Интернет - фазои бузург барои гирифтани таълим ва малакаҳо (донишгоҳҳои онлайн (фосилавӣ), курсҳо, видеои таълимӣ, энсиклопедияҳо).
• Интернет - ҷой барои худтакмилдиҳӣ, вақтхушӣ ва ҳалли мушкилоти шахсӣ (Инстаграмм, блогҳо, харитаҳои шаҳрҳо, таксӣ ва ғайра).
Қадами 6. Намоиш (презентатсия)-и гурӯҳ
ХУЛОСА: Интернет ин як воситаи муосир ва қулай барои ҳалли вазифаҳои шахсӣ, хонаводагӣ ва касбӣ мебошад. Инчунин ин муҳит барои таълими иловагӣ ва худхудтакмилдихии эҷодӣ мебошад.

пешина
аз 126
навбатӣ