САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
АО хеле вобастагии калон аз муассисон дорад.
Муассис дорои қисмати калони сарчашмаи маблағгузорӣ мебошад ва ба мӯҳтаво (контент) мусоидат карда метаовнад. Дар маводҳо оиди этикаи касбӣ оиди мустақиляти сиёсати нашриёт аз манфиатҳои муассис гуфта мешавад, Дар қонунгузории Россия оиди «нашриёт фаъолияти худро дар асоси мустақилияти касбӣ ба роҳ мемонад» гуфта мешавад. Дар асл бошад базеъ расонаҳо бо мақсади таъсир расонидан ба мафкураи мардум ҳамчун восита тасъис мешаванд. Масалан, барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, ки ба Қирғизистон хос аст, ВАО дар ин давлат ҳамчун идораи даромаднок шуморида намешавад. Аз сабаби маҳдуд будани бозор, ВАО бо тамоми иқтидораш фаъолият намебарад, инчунин танҳо бо воситаи маблағҳои рекламавӣ ва пешниҳод намудани мӯҳтаво (контент) вуҷуд дошта наметавонад. Таъсири калони расона ба муштариён сабаби таъсиси рӯзнома, веб-захираи иттилотӣ ё ҳатто телеканал мебошад.
Бо назардошти он, ки кӣ муассис аст, ВАО ба давлатӣ ва хусусӣ ҷудо мешаванд. ВАО – ҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд ва фаъолияти онҳо аз хизматчиёни давлатӣ, дар навбати аввал аз роҳбарони давлат вобастагии калон дорад. Ин нафақат дар маблағгузорӣ , балки дар таъини роҳбар, инчунин мутобиқшавии( лоялҳностҳ ) давлат низ вобаста аст. Дар давлатҳои пасошӯравӣ бузургтарин каналҳои телевзион ба телевизионҳои миллӣ табдил ёфтаанд. Алҳол ба ҷои каналҳои миллиро каналҳои ҷамъиятӣ ишғол карда истодаанд.
Телерадиои ҷамъиятӣ дар доираи маблағгузории аз андоз фаъолият бурда мақсади даромад гирифтан ё таъсир расонидан ба мафкураи мардум надоранд. Вазифаи он – расонидани хизматрасонии ҷамъиятӣ дар соҳаи телерадио мебошад. Махсусан, пешниҳод намудани иттилооти дақиқ, имконияти баён кардани ақида ба ҳамаи қишрҳо, баррасӣ намудани муаммоҳи аҳолӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё