Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

МУҲОРИБАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Муҳориба барои муштариён, фикр ва таваҷҷӯҳи онҳо ба муҳорибаи иттилоотӣ табдил ёфтанаш мумкин аст. Имрӯзҳо иттилоотро аз аслиҳаи ҷангӣ (қатли ом) зиёдтар истифода мебаранд.

Муҳорибаи иттилоотӣ калимаи англлиси буда (Information war) ду мавҳум дорад.

  1. Ҷараёни муқобилияти умумияти инсонӣ буда барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва дигар мақсадҳои сатҳи стратегӣ буда бо роҳи таъсир расонидан ба аҳолӣ, давлат ё ҳувваҳои ҳарбии тарафҳои муқобил, ки бо воситаи паҳнкунии иттилооти махсусан интихоб ва омода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва бо ин васила моқобиляти тарафҳо ва таъсир расонидан ба тарафи худ.
    Мафҳуми «муҳорибаи иттилоотӣ-равонӣ» ба луғати русӣ аз луғати доираи ҳарбии ИМА ворид шудааст. Тарҷумаи мафҳуми мазкур, дар забони англисӣ «муқобилияти иттилоотӣ» ва инчунин « муҳорибаи ииттилоотӣ, равонӣ), вобаста аз матни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва нашрияҳои илмӣ фаҳмида мешавад. Дар ин маъно калимаи «муҳорибаи равонӣ» низ истифода бурда мешавад – таъсиррасонии равонӣ ба аҳолӣ ё хизматчиёни ҳарбии дигар давлатҳо бо мақсади ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ.

2.Таъсири мақсаднок, чораҳое, ки барои расидан ба бартарии иттилоот, бо роҳи расонидани зарари иттилоотӣ, ба ҷараёни иттилоотӣ ва ситемаҳои иттилоотии мухолиф, дар як муддат ҳимояи иттилооти шахсӣ, ҷараёни иттилооти ва системаҳои иттлоотӣ мебошад.

Таҳлили маводҳо дар дар фазои иттилоотии глобалӣ ба мутахасисон имконяти сухан оиди муносибатҳои Россия ва давлатҳои ғарб нисбати ҳамдигар муҳорибаи иттилоотӣ бурда истодаанд медиҳад. Дар ин раванд давлатҳо расонаҳои давлатӣ ва лоиҳаои иттилоотиро бештар маблағгузорӣ мекунанд. Ҳамин тавр телеканали Russia Today, ки мавқеи Кремлро ба муштариёни хориҷӣ инъикос мекунад пурра аз ҳисоби давлат дар асоси « Иштироки Россия дар муболдилаи иттилооти байналхалқӣ» маблағгузорӣ мешавад. Соли 2015 барои ин мақсадҳо 15 млрд рубл ҷудо карда шуда буд. Баъзе сарчашмаҳо ин маблағро то 20 млрд доллар навишта буданд. Дар сарчашмаҳои расмӣ гуфта мешавад, ки маблағгузории лоиҳаҳои расонаҳо аз ҳисоби давлат бо мақсади ҳифзи фазои иттилоотии Федератсияи Россия ва барои сохтани нақши объективии ФР асос мегирад.

Дар навбати худ дар ИМА маблағгузории лоиҳаҳо бо забони русӣ дар радиотсансия « Аврупои озод» ва «Овози Амрико» зиёд шуда истодаанд. Бо ин мақсад соли 2015 22,6 млн доллар, нисбат ба соли 2014 104% зиёд маблағгузорӣ шудааст.

Муҳорибаи иттилоотӣ аз ин ё он дараҷа ба Қирғизистон низ мусоидат мекунад. Дар ташаккули нигоҳ ба ҷароёни ҷаҳонӣ ва ҳодисаҳо иттилоот таъсир мерасонад. Дар ҳаъзе ҳолатҳои муҳорибаҳи иттилоотӣ , ки дар он Қирғизистон иштирок намекунад, барои бехатарии милли давлат ва бехатарии шахсӣ хавф расониданаш мумкин мебошад. Мисол, дар мусоҳибаи радиои «Азаттқк», қирғизистонӣ барои иштирок дар муҳориба ба Украина рафт, ва ин рафтори худро ӯ пас аз тамошои навор оиди вазъияти Украина шарҳ додааст.

пешина
аз 126
навбатӣ