Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

«Империяи хашм (империя зла) – истилоҳи мазкурро Роналд Рейган дар давраи «ҷанги сард» (холодная война) барои истифода весеъ ворид намудааст. Дар нақши СССР америкоиҳоро ҳамчун давлате, ки аз хирсҳо иборат аст ва «сурхони хунхор» метарсониданд, ки аз ин Р. Рейган хеле бурд кардааст. СССР кайҳо барҳам хӯрда бошад ҳам, ин истилоҳ то имрӯз истифода бурда мешавад. Акнун ҳошад антикоммунистони ватанӣ низ ҳар гоҳ ин истилоҳро истифода мебаранд.

«Оила». Ин истилоҳ ба дасти сабуки рӯзоманигорон ба наздикӣ пайдо шудааст. Дар он то чӣ андоза наздик будани шахсони наздик «ба ҷисми» президент дар назар дошта мешавад. Дар тафаккури омма чуқур ҷо гирифтани ин истилоҳ барои наздик шудан, ки ВАО «оила» мепиндорад имкон намедиҳад. Чих еле, ки маълум аст ҳамчун «оила» гурӯҳҳои мафиозии Италияро низ мефаҳманд. Бо шарофати «ҷангиён» (боевики) оиди мафия ва мазмуни ин истилоҳ мардум кайҳо огаҳ ҳастанд. Наздикони президентро «оила» номида, рӯзноманигорон онро ба қавми мафия шабоҳат медиҳанд, ки давлатро бо доираи танги гурӯҳҳои худ идора мекунанд. Эъҷодкорон ва тарғибкунандагони ин истилоҳро қайд намудан зарур аст, ки дар ҳақиқат – он дорои қувваи бузурги маънавӣ (идеологи) мебошад. Истилоҳҳои манипулятивӣ ё тамғакунӣ яке аз роҳҳои таъсири равонӣ ба мафкураи омма мебошад. Онҳо, яке ах роҳҳои ҷорӣ кардани стреотип дар мафкура омма буда, муқобилият нишон додан бар зидди он хеле мушкил мебошад. Роҳи таъсиркунии осон, аммо дар ҳамин соддагӣ хатари он дида мешавад.

В) такрори иттилоот. Муқаррар карда шудааст, ки пас аз 30 дақиқа шунавандагон 65% мазмуни ахборотро ба хотир мегиранд. Дар охири рӯз дар хотир танҳо 40% , дар охири ҳафта 10% ахборот мемонад. Дар натиҷа дар давоми 10 рӯз муаммо худ ба худ аз хотир рафта, ҷои онро далелҳои нав ба нав ишғол мекунад. Агар ахборот пайдарҳам такрор шавад дар зеҳни шунавандагон ва омма сахт ҷо мегирад. Варианти техникаи «такрор» дар истифодаи калимаҳои калидӣ, амсоли «Ҳуқуқҳои баобар барои ҳама», «ҳалқ ва ҳизб якҷояанд» ва ғ. Чунин ибораҳо, баъзан ибораҳои бемаъно дар рекламаи сиёсӣ нақши калон мебозанд. Дар ВАО такрорро бисёртар дар иттилоот ё паёмҳои хабарӣ истифода мебаранд, ки дар ҳар такрор хабари маънои бештар дошта-новбаста аз репортаҷ (телевизионӣ) ё пайёми матнӣ (радио) бе ягон дигаргунӣ ё таҳрир ба эфир меравад.

Г) Тасдиқ кардан (Утверждение). Махсусияти усули мазкур дар он мебошад, ки дар ВАО мубоҳисаи бе асосу бе мантиқро барои мустаҳкам намудани мулоҳиза шахсӣ, инчунин плюаризми фикрҳоро маҳдуд намуда , бештар барои манфиати худ истифода мешаванд.

Д) Гузоштани саволҳои суханпардой (риторика), ё паҳнкунии овозаҳо. Дар раванди сиёсӣ ВАО субъекти асосии паҳнкунандаи фикри омма буда, чӣ андоза зарурат дотшани мавзъҳоро за рӯи талоботи ҷамъия ва сигменти шунавандагон эҳосо мекунад. Бинобар ин ВАО ҳамчун паҳнкунандаи овозаҳо расман эътироф шудааст, инчунин дар ин ҳол гӯёки чизе рӯй надодааст. ВАО ҳамагӣ дар назди муштариён суол бе ҷавоб мегузорад, ё порчае аз матнро мегузоранд, ки дар шунаванда / тамошобин беихтиёр «фикри нав партофтан» (подброшенная идея) барои ташвиқотчӣ зарур бедор мешавад. Бо ҳамин тариқ овозаҳо дар ташаккули фикри омма ҳиссаи назаррас гузошта, дар ҳалли масъалаҳои муайян мусоидат мекунад. Ҳамин тавр нисбати ҳариф ҳамингуна овозаҳо дар давраи пеш аз интихоботӣ паҳн карда мешаванд. «Яковлев нуфузи калон дар байни гурӯҳҳои криминалӣ дошта бошад?» ё « Наҳод Криенко дар ҳақиқат аъзои сектаи сейнтологҳо бошад?» ва ғ. ва ҳ. Дар натиҷаи ҳамингуна суханпардозиҳо дар зеҳни мардум фикри манфӣ зоҳир намуда, қатъиян шаъни сиёсатмадорро паст мезанад.

пешина
аз 126
навбатӣ