Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Е) НИМҲАҚИҚАТ (полуправда) - усуле, ки ВАО иттилооти дуруст, дақиқ ва муайян тазвеҳ дода барои бедор намудани боварӣ дар байни муштариён маводи худро бо воқеаҳои начандон аҳамиятнокро батафсил шарҳ дода, дар бораи далелҳои муҳим зикр намекунанд ё ин ки бардурӯғ шарҳ медиҳанд ( вобаста аз рӯҳияи омма ).

Ҷ) ВАО хеле касбӣ ва васеъ техникаи эъҷоди «образи пасин» (послеобраза) - ро истифода мебаранд. Агар қоғази сафеди тозаро тасаввур кунем, ки дар он «Танҳо Иванов» навишта шудааст, дафъатан суоле пайдо мешавад: «Баро чӣ танҳо Иванов?» Бо кадом мақсад?». Мағзи сари дар ҳайрат монда ба ин саволҳо ҷавоб ёфта наметавонад, аммо ««образи пасини» (послеобраз) Иванов дер дар сар мемонад ва ба шахсони ҷудогона таъсир мерасонад. Одам «ба фикр ғӯта мезанад», то охир фикр, ҳодисаҳоро пайдарҳам занҷирбандӣ мекунад, ки ин Иванов кӣ бошад. Дар роликҳои телевизионӣ таъсир бо кӯмаки инфиҷори тасмаҳо ва ё таваққуф, ки чанд сония давом мекунад, ё ки чанд ҳафта идома меёбад, дар натиҷа шахси ҷудогонаи аз интизорӣ лоғар шуда «ҳақиқат ошкор» мешавад, ки Иванов, танҳо Иванов ба Президенти Россия шудан арзанда аст.

З) Мазоқ кардан (осмеяние) усули шавқовар дар ВАО барои бештар омӯхтан, ва бештар истифода бурдани таъсири иттилоотӣ- равонӣ ба зеҳни омма мебошад. Моҳияти ин усул дар он мебошад, ки масхара кардани шахсони муайян, инчунин нуқтаи назар, фикрҳо, барномаҳои ташкилотҳои гуногун ва иттиҳодияҳо. Эффекти усусли мазкур аз он асос мегирад, ки дар ҳолати масхара кардани нуқтаи назар, рафтори шахс, нисбати он муносибати шӯхиомез ва саҳлангарона, яъне ғайриҷиддӣ мекунанд, дар натиҷа ба дигар гуфтор ва рафтори ӯ низ таъсир мерасонад. Ин дар натиҷа нисбати шахс имиҷи « шахси ғайриҷиддӣ, бе салоҳият» часпонида мешавад, ки таклифҳои ва пешниҳодҳои ӯ шоистаи эътибор намешаванд.

Таъсири баланди усули «масқаркунӣ» ба ҳодисаҳои равонии муҳит алоқамандии суст доштани шахс вобаста буда , ба ҳифзи равонии ӯро паст мекунад. Дар он ҷое, ки танқид ва таъсири манфӣ бо монеаҳои равонӣ мухосира карда мешаванд, таъсири масхараомез якбора ҳисси муҳофизии шахсро паст мекунад. Инчунин, таъкид кардан ҷоиз аст, ки усули мазкур ба аудиторияи ҷавонон таъсири баланд мерасонад. Дар давраи компанияи интихоботӣ шавқи ҷавонон ба вазъияти сиёсӣ дар мамлакат мартиб баланд мешавад. Бо сабабаи хондан, кор кардан, истироҳату фарғати фаъоли ҷавонон, барои мунтазам омӯхтани вазъи сиёсӣ вақташон намемонад. Ҳамаи ин ба андозае таъсири қабули иттилооти сиёсиро бо усули шӯхиомез ё бо усули ҷанҷолӣ аз тарафи ҷавонон мусоидат мекунад.

пешина
аз 126
навбатӣ