САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
СТАНДАРТҲОИ
ИТТИЛОТӢ ВА ЭТИКА
ДАР РАСОНАҲОИ НАВ
Стандартҳои иттилоотӣ чист? Барои чӣ истифодабарандагони қаторӣ оиди оиди стандартҳои касбии рӯзноманигорон донанд?
Стандартҳои асосии рӯзноманигории иттилоотӣ чист? Кӣ ва барои чӣ этикаи ҷурналистиро фикр карда баромдааст? Механизми худтанзимдарорӣ дар олами расона чист?
Бошиддат рушд ёфтани расонаҳои нав, ки аз интернет – технологияҳо асос гирифтааст дар назди ҷомеаи ҳар як давлат (дар маҷмуъ дар тамоми дунё) саволҳои ҷиддиро мегузорад. Илова бар ин суръати рушд ва паҳншавии технологияҳои нав дар он аст, ки баъзан суолҳои зиёди ҷамъшуда беҷавоб мемонанд.
Барои ҷалби 50 млн тамошобинони телевизиолн 13 сол лозим шуда , ба шабакаи иҷтимоии Telegram бошад – якуним сол кифоягӣ кардааст. Бо ин суръат чӣ тавр ба суолҳо ҷавоб ёфтан мумкин аст? Суолҳо бошанд хеле гуогунанд. Аммо бештари ин суолҳо – характери этикӣ дошта ба таъсиркунии иттилоот ба одамон алоқаманд мебошанд.
Дар ҳақиқат, пештар иттилооот на он қадар ба одамон надик буда ва одамонро сахт ҷалб намекард.
Интернет барои мо барои гирифтани иттилоот аз ҳама ҷо дар ҳаҷм/шакли гуногун кӯмак мерасонад. Феномени шабакаҳои иҷтимоӣ дар он мебошад, ки, муносибати байниҳамдигариро сохтакорона намуда, дар ҳолати муошират бо дӯст/дугона хаёлҳо хомро ба миён меорад.
Дар ин сурат, баъзан дарки мунаққидии иттиолоти пешниҳодшуда қаът мешавад, ё ин ки дараҷаи қабул хеле паст мешавад. Аз як тараф қабули иттилоот аз симо (телевизор), бо баробари дидани барномаҳо, дигар – хабари мазкурро тавассути дӯстон аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кардан, ки ин муҳите вуҷуд доштан барои таҳлил ва аз назари мунаққидӣ қабул кардани ин хабар имконият надорад (мисол, дар шабнишинӣ, ё хоболудӣ). Яъне иттилоот чӣ хеле, ки буд ҳамин тавр бо хусусиятҳои бунёд ва паҳнкунии худ боқӣ монд.
Иттилоот чун пештара, ҳам бардурӯғ, ҳам иттилооти айни ҳол ва муҳим буда метавонад ва наметавонад. Одам низ чӣ гуна буд, ҳамин тавр монд. Аммо, нисбатан чӣ дигаргун шуд – ин, наздик будани даръёфткунанда (получателҳ) ба сарчашмаи иттилоот, имкониятҳои шахсе, ки ахборотро қабул мекунад, худи ӯ паҳнкунанда ва эъҷодкунанда шуда метавонад.
Ана дар ҳамин нуқта бисёр саволҳои характери этикӣ дошта ҷамъ мешаванд. Пештар ин гуна саволҳоро ба муҳаррирон ва рӯноманигорон додан мумкин буд. Маҳз онҳо дар байни дираи касбии худ оиди эъҷод ва паҳнкунии этикии хабарҳо сахт мубоҳиса мекарданд. Аз ин назар батартибдарории этикӣ дар мадди аввал ба маводҳои хабарӣ, ба маводҳои «хештангарой эъҷодӣ», ки ҷанрҳои пулисистиро дар бар мегирад ба монанди сутунҳои муаллифӣ (блогҳо), фелетонҳо, очеркҳо тасмим гирифта мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё