САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Марҳилаи саюм: хабарро таҳлил кунедва барои ин ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
а) хабари дар бораи ҳодиса оперативӣ пешниҳод шудааст? Дар вақти ҷавоби суол дар ёл лоред, ки оперативии зиёдатӣ бе тафтиши далелҳо муаллифи маводро ба ҳолати ногувор гузоштанаш мумкин аст, мавод мумкин бардурӯғ бошад. Аз тарафи дигар ва мавод бо таври оперативӣ интишор нашавад, барои “бофтани афсона” ва дигар кардани далелҳо вақт лозим мешуд ва ғайра.
Вале бо баробари он донистан зарур аст, ки тадқиқоти ҷурналистӣ вақти бисёрро талаб мекунад, баъзан моҳҳоро. Ҳамин тавр бо ҳуҷҷатҳои панама ( панамсие документқ) низ шуда буд. 1.
б) далелҳо аз нигоҳҳо ҷудо карда шудаанд? Баҳогузории фикрии рӯзноманигор вуҷуд дорад? Диққат диҳед, муҳаррири мавод ба чӣ такя кардааст, оиди ин маводе, ки хонда истодаед дигар далелҳо вуҷуд доранд, ё ин ки ин шарҳу эъзоҳ, тахмини беасоси шахсони алоҳида бошад. Дар ёд доред, далел аз фикр бояд ҷудо бошад. Шарҳ набояд ҳамчун далели ба вуҷуд омада пешниҳод шавад.
в) Маълумот дар бораи воқеа муфассал аст? Сюҷет ба саволҳои зер ҷавоб дода метавонад «Чӣ? Дар куҷо? Кай? Кӣ? Барои чӣ?».
Диққат диҳед, дар матн номувофиқии мантиқӣ дида мешавад, нашр ва сюҷет акси пурраи ҳодисаи рӯй додаро медиҳад.
г) Иштирокчиёни асосӣ кӣ? Мусоҳиба кӣ дар омода шудани сюҷет истифода шудааст? Онҳо иштирокчии бевоситаи ҳодисаи сюҷети мазкур ҳастанд. Ҳамаи иштирокчиён мавқе ва нигоҳи худро баён карда метавнистанд? Барои пурра намудани лавҳаи сюҷет боз кӣ бояд дар мусоҳиба иштирок мекард? Ҷавоб ба ин саволҳо фаҳмидани шумо то чӣ андоза саҳеҳ будани маълумот, дар ҳақиқат ҳодиса аз сухани иширокчиён гирифта шудааст ё ин шарҳи «экспертҳо» ҳаст, кӯмак мерасонад.
е) дар сюҷет забони хусумат ё лексикаи эҳососӣ карда шудаи рӯзноманигор мавҷуд аст? Дар рафтани омӯхтани лексикаи муаллиф вақти хондани мавод дар шумо кадом ҳиссиёт бедор кардан мехост мефаҳмед. Дар матнҳои бадей лекискаи эҳсосӣ ҳамчун восита, дар ҷурналистика бо мақсади бедор намудани муносибат дар ин ё он қаҳрамон васеъ истифода бурда мешавад, инчунин дар шарҳу эъзоҳҳо дар матну хабарҳои электронӣ.
Инак, ВАО сарчашмаи калидии иттилоот барои аксари мардум боқӣ мемонад. Ин воситаи беҳтарин барои санҷиши ба ҳақиқат наздик будани иттилоот дар расонаҳои нав аст. Онҳо баранда ва иҷрокунандаи ҳамаи функсияи пешина хабардоркунӣ то иҷтимойкунӣ мебошад.
Босаводнокии расонавӣ – ин нафақат ба ВАО бовар накардан, балки дар ҷараёни иттилоотӣ шино карда тавонистан, афкори мунаққидӣ доштан, ҳамаи гуфтаҳоро бовариниок қабул накарда фэйк (овозаҳои бардурӯғро) аз ҳақиқат ҷудо карда тавонистан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё