Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дастрасӣро боз як стандарти ҷурналистӣ меноманд, хусусан барои аудиторияи васеъ телевизион муҳим мебошад. Ҷурналистон метавонанд беҳтарин мавод омода кунанд, аммо онро бо забони нофаҳмо гуфтан ( мисол, бо истифодаи лексикаи касбӣ), ҳамаи кор ва кӯшишҳои барои маълумотнок кардани шаҳрвандон равона карда буданд ба нестӣ мебароранд.

Ба ғайр аз ин, дар бораи стандарти глобалии ҷурналистӣ, мисли норавӣ маҳдудкунӣ ба ёд овардан зарур аст. Стандарти мазкур дар вақтҳои охир хеле актуалӣ гашта, ҷурналистон оиди пешниҳоди муноқишаҳо ва ҷамбаст кардани таҷрибаҳои ҷангӣ, рӯҳафтодагии иҷтимоӣ, ки шоҳиди он буданд бисёртар фикр карда истодаанд.

Бинобаро ин ҷавобгарии махсус дар дӯши ҷурналистоне, ки муноқишаҳоро инъикос мекунанд. Дар ин ҷо асосӣ – ҳис карда тавонистани ҷавобгарии худ мебошад. Ин дар асоси таҷрибаҳои байналхалқӣ иборат мебошад аз: вазифаи донистани муноқиша; вазифаи дуруст пешниҳод кардан; вазифаи пешниҳоди шарти мутаққадим ва сабабҳои муноқиша; вазифаи пешниҳоди тарафи шахсият; вазифаи пешниҳоди кӯшиш барои ба даст овардани сулҳ.

Оиди ин ҷавобгарӣ гуфта мешавад дар ЭКҶК (банди 1):

«Аз тарафи ҷурналистон истифода бурдани ВАО бар зиёни манфиатҳои ҷмъият, ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон, барои тарғиби ҷанг, зӯроварии наҷодӣ, ҷинсӣ, минтақавӣ, динӣ, шаҳвонӣ, норавӣ иҷтимоӣ қатъиян мумкин нест.

Инчунин дар ЭКҶК (банди 15) батафсил маҳдудкиноҳо нишон дода шудааст инъикоси муноқиша гузошта шудааст: «Ҷурналистон бояд фаҳманд, дар вақти амалиёти теракт ва контреррористӣ, наҷот додани одамон ва ҳуқуқи инсон барои ҳаёт нисбати ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳо аввалиндараҷо мебошад. Ҷурналист бояд дар хотир дорад, террористон дар бисёр ҳолатҳо кӯшиш мекунанд, ки ВАО – ро барои мақсадҳои худ, изҳор кардани мавқеи худ, барои интиқоли нишонаҳо шартии худ ба шарикони ҷиноятии дар дигар нуқта буда истифода мебранад.

Бинобар ин ҷурналистон набояд дар вақти теракт бо ташаббуси худ аз террористон мусоҳиба гиранд ё бе машаварти пешаки бо сохторҳои ҳуқуқӣ ба онҳо имконияти баромад кардан дар барномаи мустақим пешниҳод кунанд. Дар инъикоси теракт ва амалиёти контртеррористӣ ҷурналист оиди ҳаракатҳои мутахассисон, ки бо озод кардани одамон банд ҳастанд, инчунин аз аниқ тасвир намудани мавзеи ҳодиса бояд даст кашад.

пешина
аз 126
навбатӣ