САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
СТАНДАРТҲОИ ИТТИЛОТӢ ВА ЭТИКА ДАР РАСОНАҲОИ НАВ
2.2. МЕХАНИЗМИ ХУДТАНЗИМШАВӢ
Инак саволи асосӣ – дар асл кодекс ва стандартҳои мазкур чӣ тавр амалӣ мешаванд? Барои риоя накардани онҳо чӣ хел ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Чӣ тавре, ки мебинем, на ҳамаи стандарто ва на ҳамаи талаботҳои этикии кодексҳо дар қонунгузории миллӣ, инчунин байналхалқӣ ба назар гирифта шудаанд. Ба ғайр аз, мисол, бӯҳтони намоишкорона, ҳолатҳои тоқатнопазири фош кардани маълумотҳои шахсии қурбониҳои ҷиноят аз ҳисоби ноболиғон,ба ҳаракатҳои худ расман сафедкунии ҳуқуқи ёфтан мумкин аст.
Аммо, барои ҳамин ҳам нормаҳои этикӣ зарур мебошанд, ки муносибати ҷомеаро, ки қонунгузорӣ ба танзим дароварда наметавонад танзим мекунад. Бале, воситаи ба танзим дароварда хеле ҳассос мебошад. Каме сахт гирӣ – озодии сухан неат, мамалакат бошад ба сохти авторитарӣ мубаддал мешавад, каме хабарҳои бардурӯғ (фэйк), бӯҳтон, ба ҳама чиз иҷозат бошад давлат ба гумроҳӣ меравад.
Воситаи ягонаи ба танзим даровардан, дар ҷомеаи демократӣ таҷрибашуда – худтанзимкунии ҷомеаи ҷурналистон мебошад. Баро ин ҷурналистон оиди қоидаи рафтори касбӣ паймон мекунанд, қоидаҳои махсус дар асоси Кодекси этикӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳамин тавр, дар мисоли Кодекси этикии ҷурналисти Қирғизистон, ки дар сеъзди ҷумҳуриявии ҷурналистони аз 8 декабри соли 2007 қабул карда шуда буд (иловаҳо бар он дар конфронси ҷумҳуриявии ҷурналистон аз 16 апрели соли 2013 дароварда шуда буданд), ЭКҶК аз 23 мақола ибрат буда, барои «ташаккули фаъолияти касбӣ ва этикии кормандони ВАО
– и Қирғизистон новобаста аз тахассуси онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии ҷурналистон» Мо, инчунин барои нигоҳ доштани боварӣ ва эҳтироми ҷомеа нисбати ВАО қабул шудааст».
Мушоҳида аз иҷрои Кодекс, инчунин баҳогузорӣ намудани фаъолияти ВАО - ро, ҷомеаи ҷурналистон аз рӯи қоида ба ваколати Комиссияи махсус, ки ба таркиби он намояндагони боэътимоди расонаҳо шомил мешавад вогузор намудаанд.
Дар давлатҳои гуногун – таҷрибаи гуоногуни маблағгузории Комиссияи мазкур пешбинӣ шудааст. Дар Қирғизистон – ин Комиссия арзу шикоятҳоро нисбати ВАО баррасӣ мекунад. Дар асоси Низомнома худ, « Комиссия ҳолатҳои низоъҳо, ки характери этикӣ доранд аз рӯи муроҷиати шаҳсонӣ ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ, ба баҳодиҳии этикии фаъолияти касбии ҷурналисти муайян манфиатдор мебошанд, сармуҳаррир, муассис ё соҳиби ВАО, инчунин бо муроҷиати ҷурналист дида мебарояд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё