САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
РАСОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИНТЕРНЕТ
3.1. ИНТЕРНЕТ ЧИСТ?
Интернет (internetworking (анг.) – Иваз байни шабакаҳо)
– системаи ҷаҳонии васлшавии шабакаҳои компутерӣ барои нигоҳ доштан ва интиқол додани маълумот. Зиёдтар ҳамчун Шабакаи Ҷаҳонӣ ё Шабакаи Глобалӣ, инчунин Шабака мегӯянд.
Интернет ин шабакае мебошад, ки бо кӯмаки компутер одамонро дар тамоми ҷаҳон пайваст мекунад. Инро бо воситаи «забони» махсуси компутерӣ, ки «ТСР/IP» меноманд амалӣ мекунанд. Ана аз куҷо ба мо истилоҳи «ІРадрес» омадааст – ин суроғае, ки ба куҷо маълумот интиқол мешавад, ки шумо дастрас шудан мехоҳед. Бо воситаи ин забони умумӣ иттилоот ва маълумотҳо ба қисмҳои майда ҷудо шуда (пакет меноманд), бо тариқи хатҳо/симҳо интиқол мешаванд ва барои шахсе, ки барои гирифтани он кӯшиш мекунад ҷамъ мешаванд.
Интернет имрӯзҳо барои инсон воситаи ғояи зарур шуда истодааст. Бисёр одамон аллакай ягон рӯзи худро бе Интернет тасаввур карда наметавонанд, ҳолон, ки Интернет даҳсолаҳо пеш, ҳудуди солҳои 60-70 – уми асри гузашта пайдо шудааст. Се яки аҳолии Замин Торномаи Ҷаҳониро ақаллан як бор истифода бурдаанд, илова бар ин баъзеҳо мунтазам истифода мебаранд, ҷавонон бошанд ҳамеша дар Шабака мебошанд. Яке аз бартарии Интернет – ин бо суръат иваз кардани маълумот. Дар давоми дақиқа дар Шабака китоби даркориро ёфтан, бо шахсе, ки дар дигар кунҷи дунё мебошад ба алоқа баромдан, ба саволҳои шавқовар зуд ҷавоб ёфтан мумкин аст. Ин нигоҳи одамонро нисбати дониш, маълумот, тиҷорат, муносибат дигаргун намуд. Ҳатто сарҳади байни мамлакатҳо дар фазои Интернет пок шудаанд.
Интернет – ин воситаи коммуникатсияи умумӣ байниҳамдигарӣ, ин – видеои ва аудио захираи ҷаҳонӣ, бойгонии боҳашамати маълумот, мегабиблиотека мебошад. Интернет – воситаи унверсалии биной, аудиобинӣ расонаҳо буда, ҳамаи расонаҳоро дар бар мегирад, вориди намудҳои нави биной (видеороликҳо, видеосюҷетҳо, видеоклипҳо, аксҳо), намудҳои нави иртибот (почта, чатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ), намудҳои нави эъҷод (сохтани ва такмил додани барномаҳои компутерӣ, сохтани лоиҳаи шарикии онлайн) мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё