САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Асос барои қабули қарор моддаи 19 Декларатсияи ҳуқуқи башар, моддаи 19 Аҳдномаи байналхалқии дар бораи ҳуқуқҳои граҷданӣ ва сиёсии инсон статяи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, меъёрҳои қонунгузории Қирғизистон дар соҳаи иттилоот ва Кодекси этикии ҷурналисти Қирғизистон, Низомномаи Комиссия мебошанд.
Комиссия аз 9 нафар иборат аст (на кам аз 4 аъзоҳо – ҷурналистон, на камтар 5 – намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, сиёсӣ, илмӣ ва дигар). Аъзоёни Комиссия ба муддати 3 сол дар Сеъзди ҷурналистони Қирғизистон ё ин ки бо роҳи овоздиҳии хатии вакилони интихобшудаи Сеъзд ё нашрияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки Кодекси этикиро эътироф мекунанд интихоб мешаванд.
Акнун дар бораи санксияҳо, ки нисбати этикаро вайрон кардаанд қабул мешаванд. Комиссия салоҳияти огаҳӣ додан (сухан дар бораи хатогии беғаразона), ариза (ба ҷурналистон фиристода мешавад, ВАО Аризаро ихтиёри паҳн кардан ё накардан), ариза дар шакли мазамматкунии ҷомеа (оиди вайронкунии ҷиддӣ, Комиссия дар ин ҳолат ҳар чӣ бештар паҳн намудани Аризаро талаб мекунад) дорад.
Чӣ тавре, ки мебинем, санксияхо на он қадар «вазнин» ҳастанд –дар бораи рафтори носазо «ҳамагӣ – ҳамин» ҳамкорон мефаҳманд ва дар ВАО менависанд. Аммо худтанзимкунӣ аз ҳамин иборат мебошад, дар назар дошта мешавад, ки ҷамъият барвақт ё дер қоидаҳои рафторро кор карда мебарояд. Ин раванди дарозмӯҳлат, аммо, дар таҷрибаи давлатҳои пешрафта, хеле босамар амалӣ мешавад.
На дар асосӣ маҷбурӣ, балки дар асоси ақида аз боли худтакмилдиҳӣ, рушди касбӣ кор кардан ҷурналист бештар нақши иҷтимоӣ худро дарк мекунад.
Азбаски дар давраи расонаҳои нав мо ҳама ҷамъкунанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи иттилоот шуда истодаем, ин нақши ҷидии иҷтимоиро ( якҷоя бо маҳдудкунии этикӣ) ҳар яки мо бояд доро бошем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё