Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ВАО чист?

Воситаи ахбори омма(ВАО) – ин муассиаест, ки барои расонидани ахбори кушода ба ҷомеа ва ё ба гурӯҳи алоҳида ба воситаи техникӣ омода шудааст.
ВАО иттилоотро ҷамъ мекунад, коркард (таҳлил) мекунад баъд онро ба шунавандагонаш пешкаш (пахш) менамояд.

• НАШРӢ - Инҳо китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, яъне ба тарзи матнӣ дар қоғаз омода ва нашр мешавад, ки бо матн, графика ва суратҳо дарҷ мегардад;
• ЭЛЕКТРОНӢ – ин телевизион буда, вақти пахш шудан ба воситаи ноқил ё/ва мавҷҳои электромагнитӣ (заминӣ ё ба воситаи спутник) истифода карда, акустикию биноӣ маълумотро ба тарзи аналогӣ ё/рақамӣ пешкаш мекунад. Ин иттилоро дар шаклҳои барномаҳои гуногун ба воситаи аппарати телевизионӣ (телевизор) ба воситаи ноқил, антенна ё спутник пахш мекунад;
• РАДИОӢ – ин намуди расона аст, ки дар он радиоташкилотҳо барномаҳо сохта, ба воситаи радиостансияҳо ба приемникҳо пахш мекунад, аз он шунавандагон интихоб ва гӯш мекунанд;
• РАСОНАҲОИ МУОСИР – ин шакли нави мавҷудияти воситаи ахбори омма мебошад, ки доимо дар тачҳизоти рақамӣ дастрас мебошад ва иштироки фаъолонаи истеъмолкунандагонро дар эҷод ва паҳн кардани контент (мундариҷа) дар назар дорад.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ҳамаи воситаҳои электроне, ки маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ нашр мекунад, ҳамчун ВАО аз қайди давлатӣ мегузарад. Инҳоро дар Тоҷикистон маъмулан оҷонсии иттилоотӣ меноманд. Ба монандӣ: “Азия плюс”, “АМИТ Ховар”, “Радиои озодӣ” “Суғд. Тч” ва ғайраҳо. Аммо баъзе субъектҳои юридикӣ, ки соҳиби вебсайтҳои иттилоотӣ ахборӣ ё нашриётҳои интернетӣ ҳастанд,ба сифати ВАО дигар маҳсулотҳоро, ба монанди маҷалла, рӯзнома, хабарнома, варақаҳоро ба қайд мегиранд.
То ин дам дар ҷаҳон баҳс меравад, оё Интернетро метавон васоити ахбори омма шуморид. Аммо бояд дар хотир дошта бошем, ки рӯз ба рӯз шабакаи ҷаҳонӣ сарчашмаи асосии иттилоот шуда истодааст.
Иттилооти нав– ин шакли нави воситаи ахбори умум буда, доимо дар таҷҳизоти рақамӣ мавҷуд аст ва иштироки фаъоли истифодабарандагонро дар назар дошта, дар таҳия ва пахшкунии мӯҳтаво/мундариҷа иштироки онҳо муҳим аст.

пешина
аз 126
навбатӣ