Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба гуфти Ҳоҷӣ Камол, он лаҳза «латтаи таппа тайёр»
шуда буд! Дасту пойҳояш якбора сусту бемадор шуданд, аз ғояти ноумедӣ қариб ки ба замин меафтид. Бале, ў бемадорона, мисли мотамгирифтагон дар замин, болои хасу хок нишаст, дардмандона уф кашид ва сарашро дар кафи дастонаш маҳкам дошта, дарун-дарун гирист. Кўдаквор мегиристу саропо меларзид Аскар.
Ҳоҷӣ Сафарбекро сахт нафраташ омад нисбати Ҳоҷӣ Камол. Дар дунё чунин одамон ҳам будаанд! Беибо, рўирост неш зад чун ору ба дили як ҷавонмарде, ки дар ҳақиқат аз дили кўдакон фарқе надорад. Ончунон нозук, ончунон шаффоф, ки дар андак гармӣ об мешавад, дар андак хунукӣ ях мебандад ин дил.
-- Хез, Аскарҷон! Хез аз ҷоят, гиря накун!- аз сари раҳму шафқат, бо тасалло даст ба китфонаш ниҳод Ҳоҷӣ Сафарбек. –Иншоолоҳ, ҳамаи ин гапҳо дурўғанд.
Иншоолоҳ, ҳамааш хуб аст…
-Не, Ҳоҷӣ!- гарду чанги доманашро афшонда, аз ҷой бархост Аскар.-Афсўс, ки гуфтаҳои ин ноодам ҷон доранд. Ҳар қадар дағалу дурушт гуфта бошад ҳам, ҳамааш аз ҳикмат ва ё иллати мардум аст, ки дар ҳақи занон бофта баровардаанд. Рост мегўяд ин хар! Ин Ходаи қоқи дароз! Аз гапи ҳақ набояд ранҷид… Рафтем!
«Нива» дар як дам роҳи Харангонро пас мондаву тоб хўрда, ба шоҳроҳи тахту ҳамвори Хуҷанд-Душанбе баромад. Дар ҳоле, ки «саманди бодпо» дар шоҳроҳи тахту ҳамвор ҷавлон мезад, Сафарбек ғарқи хаёлот, ду чашм аз роҳ наканда, дар назди худ қатъан азм гузошт, ки роҳ хеле дур бошад ҳам, майлаш, ба хотири дўстӣ ўро то Кўлоб-ба хонаашон бурда мерасонад ва дар ин роҳи дур, дар ин вақти тўлонӣ, албатта, номаълум ва боэҳтиёт ба таги дилаш даромада, баъзе гапҳоро пурсида мегирад. Он гапҳоеро, ки дар муддати ин як моҳи шиносоиву бо як дидан дўстию рафоқат пайдо карданашон , фурсати муносиб наёфт, балки дилёб нашуд, ҷуръат накард, ки аз вай пурсон шавад. Яъне, ба вай мегўяд: «Бубахш, ҷўраҷон, агар бемалол бошад, биё, бо ҳам нағзтар, наздиктар шинос шавем: Бигў, ба ҷуз хиёнати занат, Худо накунад, агар ин рост бошад, ғаме, мусибате, кулфате дошта бошӣ, бигў бемалол, дилатро кушо ба ман, ба дўстат, бори ғамҳо, бори дарду аламат сабук мешавад…

пешина
аз 208
навбатӣ