Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ин саргузашти талхро Зумуррад ба Гавҳар нақл кардааст. Ва Сафарбек онро аз Гавҳар шунид, вале дер, хеле дер…
IV
Мавзеи Дарвоз бо манзараҳои марғуб ва табиати афсунгари хеш шабеҳи Варзоб аст, ки тамошои он ба дидаҳо нур, ба дил сурур мебахшад. Ба ҳар сў нигарӣ, фарози қуллаҳо, деворҳои ҳайкалосои хорасангон, пуштаҳои дар такяи ҳам хобида назаррабоӣ мекунанд.
Дарёчаи софу зулоле хурўшону кафкзанон қад-қади дараҳо, аз баландиҳо фаромадаю аз миёни шаҳраки Қалъаи Хумб гузашта, шитобон худро чун тифл дар оғўши модар- Панҷи ноором меафканад, ба мавҷҳои пурталотуми он омезиш меёбад ва ноаён роҳашро ба сўи водиҳо идома мебахшад.
Он тараф, дар рў ба рў, дар замини ҳамсоякишвар домани тамошо фарох аст. Хеле мароқангез аст аз наздик дидани манзараҳои монанд ва одамоне, ки соҳибони давлати дигаранд. Мўйсафедон, кампиракон, ҷавонон пиёдаву харсавор бо хати пайроҳаҳои кўҳдоман аз пайи ризқу рўзӣ дар рафтуоянд.
Афғондухтаре дар лаби дарё нишаста, аз оби кафколуди он дасту рў мешўяд. Пирамарде дар болотари қади пушта аз паси як ҷуфт барзагови дар юғу сипор басташуда мехазад, замин шудгор мекунад. Он тараф, дар оғўши чаҳорбоғе, зери сояи дарахтон чанд хаймаи сафеди офтобхўрда- дабистони фарзандони ин мавзеъ намоёнанд. Аз даруни хаймаҳо ғалоғулаи сабақ омўхтани тифлон хира бар гўш мерасад. Аз баландӣ пули навбунёди Рузвай, ки ду давлати ҳамсояро ба ҳам мепайвандад, бо шукўҳу шаҳомат намудор аст.
Тайи ду сол аст, ки шефтаи тамошои ҳамин манзараҳост Файзулло. Ду сол аст, ки ҳар доим, ҳар лаҳза ба соҳил, ба ин тарафу он тарафи дарё, ба пастию баландиҳо, шебу фароз, ба ҳаракати одамон, чорпоён, паррандаю чаррандаҳо, ба ҳар чӣ ки диққати ўро ҷалб менамояд ва ба ҳар чӣ ки дар назараш шубҳанок метобад, чашм медавонад, ба мушоҳида мегирад, ки оё ягон ҳодисаи вайрон кардани сарҳад рух надодааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё