Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То ҳанўз нўги риштаи гиреҳбастаи воқеаҳоро наёфтааст.
Рост мегуфтааст Аскар, душвор, хеле душвор будааст кори нависандагӣ, барои ба ҳам пайвастани маъние, иборае, ҷумлае хуни ҷигар мехўрдаӣ! Ана он навиштаҳо, он китоби нотамом дар ҷузвдонаш аст бо либосу савғоҳояш, ки андешаманду фориғбол ба сўи Душанбе раҳсипор аст. Бо умеди дидорбинӣ, бо умеде, ки бо чашмони худ бубинад, мушоҳида кунад, аз тағояш бипурсад, ки «қаҳрамонҳои асари» ў дар куҷоянд, саргузашташон чӣ гуна сурат гирифтааст, Аскар чӣ ҳол дорад, хонадор шудааст ё ҳанўз муҷаррад аст. Чун ба Душанбе расад, аз хаёлбофиҳо ба мушоҳидаҳою шунидани асли воқеаҳо гузарад, Худо хоҳад, меёбад нўги риштаро, мекушояд гиреҳбанди воқеаҳоро…
Файзулло ғарқи ҳамин андешаҳо ба назди тарабхонаи Қалъаи Хумб расид, ки дар иморати барҳавое, дар болои дарёчаи обаш мусаффо қомат афрохта буд. Дар ин ҷо шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе ба ду самт ҷудо мешуд, ба чапба тарафи Шоҳон-Зиғар, ки то Даштиҷуму Шўробод ва Кўлоб мебурд, ба рост, ба сўи баландиҳои ағбаи Хобуробод ва он тараф роҳ аз миёни мавзеъҳои Тавилдараю водии Қаротегин гузашта, то ба пойтахти кишвар тўл мекашид. Он рўзҳо бунёди роҳи тахту ҳамвори Шоҳон- Зиғар ва Шкев –Зиғар , ки аз ҷумлаи сохтмонҳои азими аср маҳсуб меёфт, дар арафаи анҷомёбӣ буд. Бо сабаби мушкилгузар будани дарёчаи Даштиҷум мошинҳои сабукрав аз ин роҳ хеле кам мегузаштанд ва роҳи асосӣ чу пештара тавассути ағбаи Хобуробод ба шумор мерафт.

пешина
аз 208
навбатӣ