Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Не, ман ба ту гап дорам,-пештар қадам ниҳода дўғ зад Хоҷӣ Камол -Дилам месўзад ба ту. Мебинам, ки дар зиндагӣ раҳгум задаӣ, дар гуноҳ ғарқ шудаӣ, аз ин рў мехоҳам қарзи мусулмониямро ба ҷо оварам; як даҳан маслиҳат, як даҳан насиҳатат бигўям, қабул дорӣ, хуб, ё не, он тараф, Худо инсофат диҳад.
Ҳоҷӣ Камол кунҷкобона ба қаду басти Лола зеҳн монда, манаҳашро хорид. Лола дар ҳузури ў мурғи посўхта барин бетоқат буд, аз тарсу ҳаяҷон дарақ-дарақ меларзид. Ғайричашмдошти ў идомаи гуфтори Хоҷӣ Камол оҳанге дошт нармтар, насиҳатомез, дарвоқеъ дилсўзона садо дод суханонаш:
-- Духтари ҳушёру чаққоне будӣ, Лола! Дилам пур буд, бовар доштам, ки ҷавони базебу хушрў-Сайидро аз дасти ана он духтари Исқотӣ-Зумрат кашида мегирӣ. Дарак дорӣ, ки онҳо издивоҷ кардаанд, ба қавле хушбахт шудаанд. Ту бошӣ… Эҳ! Ҳоло ҳам дер нашудааст, духтар!
Хоҳӣ, ки Худои мутаол гуноҳҳоятро бубахшад, як кори савоб бикун. Устодат-Аскарро дар ёд дорӣ? Вай, исқотӣ, ҳамқишлоқи ман аст. Баъди се талоқ додани зани дайдуяш, баъди мурдани кампири очааш батар арақхўр шуд.
Аз бадмастӣ дилашро касал кардааст. Мемурад кадом рўзе. Ана бираву ҳамонро бигир. Зани шариатӣ, зани никоҳияш, қуввати дилаш бишав. Коре бикун, ки арақнўширо партояд, сиҳат шавад, ба роҳи сироталмустақим-намозу диёнат биравад, худат ҳам намозхон шав. Он гоҳ ҳама доғи гуноҳҳоят шуста, поку покиза мешавӣ, мисле, ки нав аз модар зоида шуда бошӣ.
Ин суханони марде, ки ўро хеле бад медид, беихтиёр чун теғи ҷарроҳон дили ўро буриду пора кард. Диле, ки аз доғҳои ноумедӣ сиёҳ гашта, чун доғи гулҳои лола, батамом монда буд аз оламу одамон, мурда буд ин дил ва акнун гўё дармон ёфт аз суханони як марде, ки ҳаргиз ба ҷуз ҳарфи дағалу дурушт, талху пичингу киноя ба забон намеовард. Лола чашмони ҳаросону гиряолод ва имдодхоҳонаашро ба Ҳоҷӣ Камол дўхт:
-Ман чӣ кор кунам, амак?

пешина
аз 208
навбатӣ