Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар Худо мадад кунад, вақте ки соқу саломат ба манзил расад, ҳини вохўрию дидорбиниҳо дар Душанбею Ҳисору Шаҳринав, Варзобу Харангон саргузашти қаҳрамонҳояшро аз тағояш пурсидаву худ бевосита мушоҳида карда, навиштаҳояшро бо асли воқеаҳо пурра мегардонад.


Ҳоҷӣ Сафарбек тамоми шаб аз гапи пешакӣ, агарчанде дар дил гуфта бошад ҳам, тавба мекард. Ҳар замон худро маломат мекард, ки фарзу тахмин кори бачаҳост, балки амали онҳоест, ки ба қазову қадар бовар надоранд. Баъди як сония, баъди як нафас чӣ мешавад, ба ҷуз Худои мутаол касе намедонад.
Вай тахмин карда буд, рўзе, ки гузашт, яъне 15-уми ноябр хоҳарзодааш аз хизмати аскарӣ бармегардад. Бо ин мақсад тамоми рўз дар чорбоғи худ саргарми алафдаравӣ шуда, ба Шаҳринав занг мезад. Ҳар бори занг задан аз хоҳараш як посух мешунид: «Не, ҳоло наомадааст».
Вақти шом хастаю бемадор ва аз беҳуда «фол диданаш» хиҷолатманд ба хона баргашт. Аммо дилаш гувоҳӣ медод, ки шояд хато накардааст, имрўз наомад, пагоҳ меомадагист. Бо ҳамин андешаҳо аз меваҳои боғаш тўшаи роҳ тайёр кард: як сабад ангур, як сатил анор, як қуттӣ пури хурмо. Ният дошт, бомдод боз чанд қитъа алафи боғро даравида, роҳи Шаҳринавро пеш мегирад.
Боз тахминаш ғалат баромад. Саҳар бевақт шуду натавонист алафи боқимондаро дарав намояд. Боз худро сарзаниш мекард: «Одамизод-да! Ният мекунад, мақсад мегузорад, нақша мекашаду намегўяд, ки ҳамааш хости Худост. Вақту соаташ наояд, ягон кор худ ба худ иҷро намешавад».
Ниҳоят, он соат расид. Даме ки офтоб як ваҷаб баландтар аз фарқи кўҳдоман теғ кашида буд, даравро саросема анҷом дод.

пешина
аз 208
навбатӣ