Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Лола, -бо фахр шарҳ дод Файзулло.
-Ҳа, Лола. Лолаи ту, медонӣ ҳоло дар куҷост? Дар роҳи дур, дар Россия. Баъди хатми донишгоҳ бо Сайиди ҳамсабақаш забон як карданду хонадор шуданд ва аз байн як ҳафта нагузашта кўчу бандашонро бардошта ба Россия кор кардан рафтанд.
-- Ба Россия? Бо Сайид? –ҳайрон шуда пурсид Файзулло.-Пас, тақдири Зумрат чӣ шуд?
-Кадом Зумрат? Ҳеъ, бачаи беақл-е! Ин ҷо Зумрат чӣ дахл дорад?
Дар бораи ў ҳам китоб навиштаӣ-чӣ?
-Охир, Шумо гуфта будед-ку, тағоҷон, Сайиду Зумрат ҳамдигарро дўст медоранд, ба ҳамдигар ошиқанд?
Барои ҳамин…
-Кӣ гуфт ин гапро? Ман? Ҳмм. Хаёлбофиҳоят ба Худо сари туро гаранг кардааст, ҷиян! Кӣ дар ҷавонияш ошиқ нашудааст? Ана, худи ман-тағоятро мисол мегирем. Дар ҷавониям якто не, чанд духтарро дўст медоштам, ошиқ будам, лекин тақдир ҳамин будааст, ба янгаат –ба як касе хонадор шудам, ки дар умри сарам надида будам. Шукр, имрўз соҳиби дару хонаи обод, падари фарзандони бафаҳму батамиз, наберагони ширину меҳрубон ҳастам, аз зиндагӣ шикояте надорам.
Онҳо ҳамин тавр сўҳбаткунон боғро аз қаду бар қадам мезаданд. Аз шавқи дидору гармии сўҳбат ҳанўз ба хулосае наомада буданд, ки куҷо раванд, ҳанўз фурсат нарасида буд, ки Сафарбек аз хидмати аскарии ҷиян ва ҷиян аз аҳли хонаводаи тағояш-янгаву хоҳарзодаҳояш пурсон шаванд. Файзуллоро риштаи хаёлот бо ҳам печида чигил шуда буд. Акнун ба худ тасаввур мекард, ки асараш дупула, навиштаҳояш ба ҳеҷ чиз кор намеоянд. Ҳамаро аз сар хат зада, аз сар навиштан лозим. Ба ҳар ҳол, сабр карда, бештар пурсидан, кунҷкобӣ кардан даркор, ки тағояш боз чиҳо медонад дар бораи Аскар, Зумрат, Гавҳар ва дигарон…
Ба қавли Сафарбек Гавҳар бизнесмен- тоҷири калон шудааст. Дар бозори «Корвон» мағозаи боҳашамат кушодааст.

пешина
аз 208
навбатӣ