Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Файзулло дуртар, дар канори роҳ истода, ҷунбуҷули тағояшро бесаброна назора мекунад. Ҳар лаҳза баумед мешавад, аз дил мегузаронад, ки «ана соз шуд!, ба роҳ мебароем!» Вале мошин дарнамегирад, майли ҳаракат кардан, пеш рафтан надорад, балки агар сангҳои дар паси чархҳояш мондаро бигирӣ, ба қафо ҷар шуда меравад.
-Эҳ, касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст афтад!-беихтиёр даст афшонда, бо шикоят овоз баланд кард ў.
-Киро мегўӣ? Худо нигаҳ дорад!-дар қаҳр шуд Сафарбек.
-Ин суханон ба Шумо дахл надорад, тағоҷон,-аз зарбулмасали бемаврид ба забон овардааш шармида гуфт Файзулло.-Аскарро мегўям. Қасди дидани ў кардему бинед, хасбахил, чӣ қадар маътал шудем.
-Аскари бечораро чӣ гунаҳкор мекунӣ? Ин ҷо сад дар сад айби мошин аст. Устоҳо чанд бор маслиҳат доданд, ки навашро бихарам. Аммо сабил, монад, дилам намешавад ба бозор баровардан, ҷонвар хизмат кардааст.
Баъд, ба савдо монӣ ҳам, кӣ мехарад онро?
-Шукр, тағоҷон, чашм нарасад, бепул нестед, замину боғу роғи зиёд доред,-хандида гуфт Файзулло.- Мошинро нафурўшед, монед дар хона истад. Рост мегўянд устоҳо, бихаред, ягон навтарашро. Масалан, ана мисли он ҳозиразамонашро,-ба мошини оҳарии «Ҷип», ки аз кўтал мефаромад, ишора кард ў.
Сафарбек дастонашро бо латта пок карда, чашм ба сўи муқобил андўхт. Бо як дидан мошинро шинохт.
«Ҷип» аз сари баландӣ чун қаиқе дар болои мавҷҳо хеза карда мефаромад. Ранги оҳарияш дар шуои офтоб ялаққос мезад. Сафарбек аз суръати баланди мошин пай бурд, ки онро кӣ идора мекунад. Лаҳзае бо ҳавас чашм аз давидани мошин наканда, нобоварона сар ҷунбонд.
-Ҳмм. Медонӣ, мошини кист он?
Файзулло ҳанўз фурсати посух наёфта, «Ҷип» хамгаштро фаромаду омада дар назди онҳо истод. Аз мошин Зумуррад фаромад.

пешина
аз 208
навбатӣ