Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Файзулло суоломез ба Зумуррад нигарист. Яъне, «ў апаат-Гавҳар нест магар?» Зумуррад дам назад, суръати мошинро каме сусттар кард. Акнун дар чуқурию пастихамиҳо саросема нашуда, хеле эҳтиёткорона мошин меронд, то ки ягон пора оҳани он зарб нахўрад.
Балки шояд, ў маҳз ба он мақсад эҳтиёткорона мошин меронд, ки дар роҳи ноҳамвор кўфтаю хез задани «Ҷип»-ашро Гавҳар аз дур наззора карда, батар ҷаҳлаш боло нагирад. Авзои хастаю дилгирифт ва ҳиссиёту ҳаяҷони ботинии ў аз назари Файзуллои мушоҳидакор дур намемонд. Ҳар қадар масофа кўтоҳтар мешуд, ҳар қадар мошин пеш мерафт, ҳамон қадар Файзулло пай мебурд, ки дастони нозуки маҳкам ба чанбари мошин часпидаи Зумуррад бештар ба ларза даромаданд.
Ба нишебӣ расиданду Зумуррад мошинро чанд қадам дуртар нигоҳ дошта, пиёда шуд; давида рафту дар рў ба рўи Гавҳар гунаҳкорона сар хам карда истод.

  • Мошини Ҳоҷиро «соз» кардӣ?! –пеш омада, якбора овоз баланд кард Гавҳар.- Як духтари каппа-калон айбу шарма намедонӣ, ки дурўғ мегўӣ?!
    -Бубахшед, апаҷон…
    Гавҳар бештар барошуфт:
    -Охир чӣ хел бубахшам, ки аз раҳ пойидан кўки чашмонам канд! Бо ин корат, медонӣ, чӣ қадар вақти қиммати маро ба бод додӣ, чӣ қадар ба савдои ман зиён овардӣ!
    Дар ин дам Файзулло «ассалом» гуфтаву бо эҳтиромона даст пеши бар гирифта, худро ба назди онҳо расонд. Дили Зумуррад бақувват шуд, ба умеде, ки ҳоло Файзулло, ин журналист, ин нависандаи сухандон гапаке ёфта, коре карда, апаашро ба сўҳбат мекашаду лаҳзае ҳам бошад, оташи ғазаби ўро фурў менишонад.
    -Шинос шавед, апа. Ҷияни амаки Сафарбек. Номаш Файзулло. Журналист, нависанда, –беҷуръатона гуфт Зумуррад.-Мехоҳад, апаҷон, дар бораи Шумо, дар бораи як зани тоҷики бизнесмен китоб нависад.
    Файзулло бо фахр галстуки гарданашро ба тартиб андохта, сар боло кард.
пешина
аз 208
навбатӣ