Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Ману се апаам ва чор хоҳарчаам.
-- Апаҳоят шў доранд?
-- Не.
-- Чӣ?! Рост мегўӣ?!
-- Чаро дурўғ гўям?
Аскар муғамбирона пушти сар хорид.
-- Ҳмм…. Ин тавр бошад, ба ту гап надорам, хоҳар.
Бубахш, агар бо таънаю сарзанишҳоям ба дилат зада бошам. Ҳар чӣ гапи носазое аз даҳанам баромада бошад, ҳамаашро гашта гирифтам. Майлаш, хонданро давом деҳ. Тарки мактаб накун. Хон, олим шав, роҳбари калон шав. Ба олимону роҳбарон муҳим нест, ки доим дар саҳро, дар ҷустуҷў бошанд. Онҳо аксаран дар шаҳр, идорашин мешаванд.
Аҷабо! Зумуррадро ҳеҷ бовараш намеомад! Аскар дар як дам тағйир ёфта буд! Гўё аз даҳанаш шаҳду шакар мерехт! Ҳамон Аскаре, ки Сайид дилтангу миҷинг гуфта таънааш мекунад. Ҳамон Аскаре, ки Санавбар доимо дар ғайбаш мегўяд: «Эҳ, ин Устоди шумрў! Бо насиҳатҳои калонгиронааш аз ҷонам безор кард!»
Балки Зумуррад низ гоҳе дар ҳамин ақида буд нисбати Аскар ва зуд тасаввураш нисбати ў тағйир меёфту дар дил мегуфт: « Аслан одами бад нест! Аз панду насиҳат ҳарчи гўяд ҳам, дўсту бародарвор, ба чени фаҳмиши худ аз печидагиҳои зиндагӣ мегўяд». Аскар дар назари ў санги нодиреро мемонд, ки ҳанўз барои вай кашф нашуда буд.
Занги телефони мобилӣ садо дод. Зумуррад даст ба ҷайби пиҷҷакаш бурд. Телефонро бароварда, сараввал ба рақами он зеҳн монд.
-- Ба ғайбат қариб будаанд апаҳоям,—хандида гуфт.—Дар бораашон гап задему ана яктааш зангам мезанад… Алло? Ҳа, апаҷон?
Гуфтугўи кўтоҳе анҷом дод Зумуррад бо апааш.
Ҳолу аҳвол пурсиду ба чанд суолаш посух гуфт: «Не, апаҷон. Нон доранд… Ҳа. Пагоҳ хамир мекунем». Дар давоми сўҳбат чеҳраи ў якбора шукуфту лабонаш ғарқи табассум шуданд.

пешина
аз 208
навбатӣ