Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

В-он яке гуфт: «Ин на дарди одамист,
Дарди худ бояд ки бо байтор гуфт.
Ки табиби одамиро бар дадон
Аз табобатҳо тавон душвор гуфт!»

ХОК

Он яке бар хок хўрдан дошт хў,
Хокро мебурд чун талқон фурў.
Гуфт: «Хоҳам буд хок андар даҳан,
То хўрад ин хок рўзе ҷисми ман».

АҚРАБ

Он яке гуфт: «Ақраб аз омоли бад
Модари худро зи ишкам мехўрад».
Ин сухан бишнида в-он як гуфт: «Воҳ!
Зишттар аз ин нахоҳад буд гуноҳ!!!»
В-он дигар гуфташ: «Туро омад аҷаб?
Тавба кун, эй, аз Худо имон талаб!
Чунки Яздон зоти каждумро палид
Аз баройи тавбаи мо офарид!».

ДАРД

Он яке назди табибе рафту гуфт:
«Сахт дардеям ба зери сина аст!
Гўиё дар сина дармондаст санг,
Дарди бедармони ман дерина аст».
В-он табибаш диду чун дарде наёфт,
Гуфт: «Рав, к-он санги ҳирсу кина аст!».
НОНИ ПОДШОҲ

Пораи Ноне зи хони подшоҳ
Аз қазо афтод бар хони гадо.
Дида ў андар бараш Нони гадо,
Бо намак буд ёру бо об ошно.
Гуфт: «Шаъну эътиборат чун бувад?»
Гуфт: «Сад шукр, эй басо афзун бувад!
Эҳтиромам пос доранд аз ҳавас,
Бо ҳавас дар дида мемоланду бас!..».
Поранони хони шоҳ афсўс хўрд,
Рўзгораш пеши ў як-як шумурд:
«Эй басо дар хони шаҳ будам ҳақир,
Ноаён будам дар он чашмони сер.
Чашмҳои сер аз нуқлу кабоб,
Чашмҳои масту махмур аз шароб.
Аз ҳақирӣ, бин, чӣ сон хушкидаам!
Зор дар хони гадо афтидаам.
Хеш бо ту чун баробар ёфтам,
Эътибори хештан дарёфтам!..»

ТУФ

Туфи худ афканд аблаҳ раҳравон,
К-он гаҳаш бод аз муқобил буд вазон.
Туфи ў баргашту ўро зад ба рў.
Ман надидам ҳеҷ аблаҳтар аз ў!

БАХТ

Навниҳоле қад кашиду шуд дарахт,
Навбаҳораш хуш, ки боровард шуд!
Тифли моро мағзи сутхон гашт сахт,
Хуш баҳори зиндагонӣ!

пешина
аз 208
навбатӣ