Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ў барои рақами намунаи даҳум регу сангу шағал интихоб намуду ба халтача андохт. Ба Аскар дароз кард. Боз қадаме ба пеш ниҳод, хам шуд, то чуқурчае бикобад барои намунаи рақами 11. Баногоҳ дид, ки дар рў ба рўяш чуқурчае ва он сўтар боз чуқурчаи дигар канда шудаанд—пур аз регу сангчаҳои шикаста пора кардашуда. Ба болотар назар афканд. Сайид, ки боҳавсала хати ҳаракатро ба сўйи баландиҳои ёла тай мекард, дар ҳар 8-10 қадам ҳамин гуна чуқурчаҳо кофта пеш мерафт. Ба дили гарму нарми Зумуррад гармии дигаре давиду оташаке фурўзон шуд. Ва он оташак барқосо ба рагу паяш давида ниҳодашро батамом гарму равшан кард. «Э Худоҷон-е! Дар номат бимирам, Парвардигори раҳим, ки нисбати бандаи муштипарат яку якбора чанд меҳрубонӣ ато кардӣ! Аз апаам хушхабар расондӣ! Бечора шабу рўз ҷон коҳонда ахиран ҳаққашро ҳалол кард! Насибаш кунад, апаҷонама.
Баъдан, аз лутфи ин ду ҷавон хушҳолам кардӣ, Худоҷон! Ду ҷавоне, ки ба якеаш ба ҳамчун бародар эътимод бастаам ва дигареро, ба номат қасам, Парвардигор, дўст медорам! Аммо намехоҳам ҳоло, дар ин шабу рўз, Сайид инро пай барад! Охир, чӣ кунам, Худоҷон, ки ҳоло бароям вақти муҳаббату ишқварзиҳо нест! Зеро ба худ аҳд кардаам, то апаҳоям ба шавҳар набароянд, то бахти худро наёбанд, шў карданро ба гўшаи хаёлам намеорам!»
Чашмони Зумуррад ғарқи об шуданд. Ў зуд, то Аскару Сайид пай набаранд, дидагонашро бо лаби остин пок кард.
-- Ба ту чӣ шуд, Зумрат? Мегирйӣ-чӣ?!—Ин овози меҳрубононаи Аскар буд, ки ҳеҷ гаҳ дар гўши Зумуррад ба чунин оҳанги дилнавоз садо надода буд.
-- Не, чизе ба чашмонам халид.
-- Биё пуф кунам.
-- Раҳмат, ако. Гузашту рафт, тоза шуд чашмонам.

пешина
аз 208
навбатӣ