Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз миён бардошт девори низом.
Ақлашон аз моли дунё тира шуд,
Чашмашон дар худшиносӣ хира шуд.
Он, ки ў бар нохудоӣ арза кард,
Ғам ба дил ҳеҷаш набуд ҷуз хобу хурд.
Кохи сабру адлро омад футур,
Рўйи по шуд маснади кибру ғурур.
Чашми бино доштанду ақли кўр,
Айш буду ишрату фисқу фуҷур.
Бо ғиреву бо мазоҳу хандаҳо,
Обро афканда пасафкандаҳо.
Балки туф аз мастӣ меандохтанд,
Бад ҳама бар пастӣ меандохтанд.

Ларзаҳо афтод дар андоми Баҳр,
Мавҷ андар мавҷ печидаш зи қаҳр.
З-он туфу партовҳо гандид зуд,
Тира шуд аз зеру рў оби кабуд.
Шуд баланд амвоҷ чун кўҳ аз сутўҳ,
Аз дигар бархост, гў, тўфони Нўҳ!
Мавҷ омад гирдгардон чун бало,
Хору хас бардошт то авҷи само.
Кўдаке дар об, ин шўру набард
Чун паёми Дўст истиқбол кард.
В-аз ҷунун амвоҷ чун бегона сахт
Заврақашро зад ба киштӣ, кард лахт.
Чун шиновар буд, аз он сели ҷунун
Чун Самандар омад аз оташ бурун.

В-он замон дар киштӣ афғон шуд баланд,
Бо ғами молу ғами ҷон шуд баланд.
Медавидӣ ҳар яке осемасар,
Ҷуз сўи дарё набуд роҳи дигар.
Ҳар яке буд бар халоси ҷони худ,
Мешунидӣ ҳар яке афғони худ.

пешина
аз 208
навбатӣ